Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ

82

Рӯзи 12-уми марти соли 2018, дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии афсари тамоси намояндагии Хадамоти федералии политсияи криминалии Олмон (Bundeskriminalamts) дар Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Бэрбэл Энгерер бо намояндагони Вазорат баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, сардори БММ «Интерпол» генерал-майори милитсия Азизов Абдуғафор Қаюмович, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло Ислом, муовинони сардорони Раёсатҳои кофтукови ҷиноятӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

83

Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии политсияи криминалии Олмон (ВКА), мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, кофтукови ҷинояткорон ва дигар масоили мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд як қатор таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика