Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳокимаи дурнамои ҳамкориҳо бо Григорий Пустовитов

63

Рӯзи 14-уми феврали соли 2018, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо директори навтаъингардидаи Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Осиёи Марказӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои он (ЦАРИКЦ) ҷаноби Григорий Пустовитов вохӯрӣ баргузор намуд.

64

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Ҳамоҳангсози барномаи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҷаноби Реджиналд Питтс, намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Осиёи Марказӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои он полковники милитсия Ҳабибуллоев Сафар, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ҷаноби Григорий Пустовитовро барои ба тозагӣ таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъулият табрику таҳният намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.

65

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои дурнамои таҳкими минбаъдаи робитаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Осиёи Марказӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои он (ЦАРИКЦ)-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати пешгирӣ ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои он бояд дастаҷамъона кӯшиш намуда, дар якҷоягию ҳамбастагӣ мубориза бурда, мубодилаи иттилооти оперативӣ тақвият бахшида шавад.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо баҳри рушду густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика