Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ бо муовини ёвари Котиби давлатии ИМА Генри Эншер

62

Рӯзи 3-юми феврали соли равон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Генри Эншер ва намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.

60

Рамазон Раҳимзода Генри Эншерро ба кишвари офтобиву сайёҳии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар пешбурди фаъолияташон муваффақиятҳо таманно намуда, аз ҳамкориҳои судманди мутақобила, ки дар доираи Созишномаҳои баимзорасида амалӣ гардидаанд, арзи сипос намуд.
Зикр гардид, ки Вазорати корҳои дохилӣ паваста бо Сафорати ИМА дар ҳамкории хуб қарор дошта, барои кӯмаку дастгириҳои ҳамаҷонибаашон изҳори миннатдорӣ менамояд. Дар ин асно, чандин семинару тренингҳои омӯзишӣ барои омода намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷониби мутахассисони Сафорати ИМА амалӣ гардиданд.
Инчунин, дар назди ВКД ва ҷузъу томҳои он, кормандони ғайриштатӣ, дружинаҳои ихтиёрӣ ва ҳуҷраҳои кории Шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст, ки яке аз самтҳои раванди ислоҳоти милитсияро дар бар мегиранд.
Муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Генри Эншер дар навбати худ аз ҳамкориҳои судманд ва мусоидат намудану дастгириҳои роҳбарияти ВКД арзи сипос намуда, қайд кард, ки мо ҳамеша омодаем, ки дар доираи созишномаҳои баимзорасида ва салоҳияти худ ҳарчи бештар барои омодасозии кадрҳои баландихтисос, ошкору пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои муосир кумак расонем.

61

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин ҷонибҳо оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, пешгирии ҷиноятҳои муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва машваратҳои методию амалӣ ҷиҳати мубориза зидди ҷинояткорӣ ибрози андеша намуданд.
Дар хотима қаноатмандӣ изҳор гардида, ҷонибҳо иброз доштанд, ки минбаъд низ дастгириву ҳамкориҳоро рушд хоҳанд дод.
Раҷаббек ИЛЁСОВ




Рӯйдодҳо

  • Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст

    Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани давлати тоҷикон ва ташаккули давлатдории ....

    11.08.2020 15:49
  • Семинари омӯзишии «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

    Санаи 11-уми августи соли 2020 мувофиқи нақшаи муштараки Вазорати корҳои ....

    11.08.2020 14:04
  • Ошкор шудани куштори бераҳмонаи инсон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    11.08.2020 11:25
  • Тариқи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:23
  • Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 40-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:21
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат

    Рӯзи 10-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    11.08.2020 11:18
  • Сафари ҷавонони фаъол ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг

    Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои ....

    10.08.2020 16:37
  • Корҳои фаҳмондадиҳии кормандони СХДО вобаста ба нерӯи барқ

    Тавре ҳамагон огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим ....

    10.08.2020 11:39
  • Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    10.08.2020 10:47
  • Ошкор шудани дузди чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.08.2020 10:45
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика