Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаи «Кӯмаки расмӣ барои рушд»

Рӯзи 23-юми ноябри соли 2017, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Абдуллозода Зумрад бо ҳайати ширкати японии «Futurebud International Co., Ltd» иборат аз роҳбари ширкат Ҷуничи Сасаки ва мудири тиҷоратии ширкати мазкур хонум Айями Накао вохӯрӣ доир намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва имкониятҳои ҳамкориҳоро дар доираи барномаи «Кӯмаки расмӣ барои рушд (ODA)»-и Ҳукумати Япония мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавриди қайд аст, ки ҳадаф аз сафари ҳайати мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии имконияти иштироки ин ширкат дар татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаи «Кӯмаки расмӣ барои рушд (ODA)»-и Ҳукумати Япония мебошад.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика