Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ бо Сафири Дафтари Барномавии САҲА дар Тоҷикистон Туула Юреля

Имрӯз (23.11.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Дафтари Барномавии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Туула Юреля оид ба вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ислоҳоти милитсия вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе Фейзо Нуманаи, мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ислоҳоти милитсия Капортсев Дмитрий Геннадиевич, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Солиев Каримҷон Ҳоҷиевич, Афсари миллии алоқа оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия Маҳмадиев Ҳайдар Холович ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода миннатдории худро ба Сафири Дафтари Барномавии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Туула Юреля ҷиҳати расонидани кӯмак баҳри мустаҳкам намудани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва машваратҳои методию амалӣ ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ изҳор намуд.
Зикр гардид, ки дар самти ислоҳоти милитсия се ҳуҷҷати муҳим: Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, Барномаи рушди ислоҳоти милитсия ва Нақшаи амаликунонии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 таҳия ва қабул карда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки нахустин санад дар бораи азми ислоҳоти милитсия – «Ёддошти тафоҳум оид ба ислоҳоти милитсия» ҳанӯз 8 апрели соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба имзо расида буд.
Бо мақсади амаликунонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти милитсия як қатор тадбирҳо андешида шуданд, аз он ҷумла, дар доираи ислоҳоти милитсия Марказҳои тестӣ таъсис дода шуданд, ки кормандони милитсия ҳангоми аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштан, ба кор қабул шудан, гирифтани рутбаҳои низомӣ ва пешниҳод ба мукофотҳои давлатӣ дар Маркази тестӣ аз санҷиш мегузаранд.
Дар ин замина ёрдамчиёни сардорони ШВКД-ҳо оиди кор бо ҷомеа таъсис дода шуданд, ки самаранок фаъолият намуда истодаанд.
Дар назди Вазорати корҳои дохилӣ Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъсис дода шуд, ки дар тамоми ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Тибқи ислоҳоти милитсия бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия роҳандозӣ гардид, ки яке аз кормандони пуртаҷриба дар ин самт фаъолият намуда истодааст.
Биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ дар тамоми ҷумҳурӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардиданд, ғайр аз ин дар самти фаъолияти шаффоф ҳуҷраҳои ҷойи нигоҳдории муваққатӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз карда шуданд.

Дар доираи ислоҳоти милитсия телефони «Боварии Вазири корҳои дохилӣ» ва дар тамоми ҷузъу томҳо телефонҳои боварии сардорони РВКД-ҳо таъсис дода шуданд.
Аз оғозшавии ислоҳоти милитсия Сомонаи расмии ВКД бо се забон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки аллакай шумораи муштариёни он зиёда аз 10 миллионро ташкил дода, ҳазорон нафар доир ба Стратегияи ислоҳоти милитсия ва Барномаи рушди ислоҳоти милитсия шарҳ ва таклифу пешниҳодҳои худро ирсол кардаанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар раванди ислоҳоти милитсия ҷалб намудани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкорӣ бо онҳо қадами устуворе дар ҳамкории шаҳрвандон бо милитсия мебошад.
Дар навбати худ Сафири Дафтари Барномавии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Туула Юреля изҳор дошт, ки «Ман пеш аз ҳама ба мақомоти корҳои дохилӣ барои ҳамкориҳои сатҳи баланд бо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ менамоям. Тӯли якчанд соле, ки САҲА бо Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ислоҳоти милитсия ҳамкорӣ намуда истодааст, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Мо минбаъд низ ҳамкориҳои худро дар амалисозии ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, кӯмаку дастгирии худро дареғ намедорем».
Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе Фейзо Нуманаи доир ба амалинамоии давраҳои дигари ислоҳоти милитсия изҳори андеша намуда, зикр кард, ки ислоҳоти милитсия раванди осон нест ва аз ҳама муҳим ҳамаи кӯшишҳоро бояд якҷоя, дастаҷамъона анҷом дод.
Дар хотима ҷонибҳо изҳор доштанд, ки вохӯрии имрӯза дар самти ислоҳоти милитсия барои мақсади асосӣ – ислоҳот ва фаҳмиши ҷамъиятии куллан симои нави ҷомеа, имиҷи корманди милитсия, ки барои расонидани кӯмак ба шаҳрвандон равона гардидааст, заминаи мустаҳкам барои рушди ҳамкориҳои минбаъда хоҳад буд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Созанда мебояд на сузанда

    Офатҳои табиии вақтҳои охир бавуҷудомада, боиси хисороти молӣ ва ҷонӣ ....

    30.05.2020 09:53
  • Ба ҳалокат расидани марди 58-сола дар заминаи қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    30.05.2020 09:14
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби ҷавони 24-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    30.05.2020 09:12
  • Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара ва ....

    Рӯзи 29-уми майи соли 2020, тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    30.05.2020 09:10
  • Ошкор шудани дуздии 1-сар чорвои калони шохдор ва 1-адад телевизор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    29.05.2020 08:41
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 54-солаи сокини ....

    28.05.2020 09:30
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Ёвон ва Шоҳмансур

    Рӯзи 26-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.05.2020 09:29
  • Ҳаракатҳои таҳқиромез ва майдаавбошонаи ронандаи ширкати «Olu4a Taxi» нисбати як ....

     Санаи 22-юми майи соли ҷорӣ як нафар ҷавондухтар, сокини шаҳри ....

    28.05.2020 08:44
  • Тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ

    Имрӯзҳо тадбирҳо дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ....

    28.05.2020 08:36
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    27.05.2020 11:56
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика