Имрӯз (22.11.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири навтаъйиншудаи Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаноби Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир вохӯрӣ доир намуд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобирро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, изҳор дошт, ки мавсуф бо фаъолияти пурсамари дипломатиаш ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб мусоидат хоҳад кард.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ оид ба рушди ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва истирдоди шахсони ҷинояткор изҳори назар карданд.
Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр кард, ки ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба бо Амороти Муттаҳидаи Араб якчанд созишномаҳо ба имзо расонида шуда, заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт фароҳам оварда шудааст.
Дар навбати худ Сафири навтаъйиншудаи Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаноби Муҳаммад Аҳмад Ал-Ҷобир тақвият бахшидани мубодилаи иттилоотро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва шахсони дар кофтуков қарор дошта муҳим арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки мақомоти ҳарду ҷониб бояд дар самти таъмини амният бо Ташкилоти Байналмилалии Полиси ҷиноятӣ «Интерпол» ва Сарраёсати мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилаи Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориҳои бештар дошта бошанд.
Дар хотима ҷонибҳо ҷиҳати густариш додани самтҳои гуногунҷанбаи ҳамкориҳо омодагии ҳамаҷонибаи худро изҳор доштанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.
Таҳти унвони «Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, шафқати беканор, нури ҳар ....
Бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Модар рӯзи 6-уми марти соли ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ....
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....
Рӯзи 5-уми марти соли 2021, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи ....
Ҳамасола вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон аз тарафи ....
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ....
Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва ....
Рӯзи 5-уми март дар Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД ....
Яке аз иқдомҳои беҳтарине, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба он ....
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....
19-уми феврали соли 2021, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>