Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ҳамкории муштарак

Рӯзҳои 19-20-уми октябри соли 2017, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба коркарди лоиҳаи Низоми ягонаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ коршиносони Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) Ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз намуда, қайд кард, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро содиршавии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ, муташаккилонаву дигар ҷиноятҳои хавфнок сахт ба ташвиш овардааст. Ошкору пешгирии чунин ҷиноятҳои муташаккил вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сохтори қудратӣ ба шумор рафта, мебояд ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ фаъолият намоем ва баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти марзу буми ватани худ бо ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза барем.
Дар ҷараёни ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони Вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мутахассисони соҳа оид ба баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта дар рафти чорабиниҳо, дар ҳамбастагӣ фаъолият намудани мақомотҳои корҳои дохилӣ ва дигар паҳлӯҳои мавзӯҳои баррасишаванда изҳори андеша намуданд.

Ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони мазкур дар сатҳи баланд доир гардида, ҷиҳати дар ҳамбастагию ҳамкорӣ мубориза бурдан ба таҳдиду хатарҳои замони муосир мусоидат менамояд.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика