Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъат ёфтани ҳамкориҳо дар мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир

Рӯзи 21-уми сентябри соли 2017, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Халқии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори Департамент оид ба масъалаҳои амнияти берунаи Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Сао Сяолин вохӯрӣ доир намуд.

Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Халқии Чинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи моро як қатор Созишномаю Ёддоштҳои тафоҳуми ба имзорасида ташкил намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманди мақомотҳои корҳои дохилии ду кишвар дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм мусоидат менамоянд.

Зикр гардид, ки аз ҷониби Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Чин ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кӯмакҳои техникӣ расонида шуда, ҳамчунин дар самти баланд бардоштани малакаю маҳорат ва савияи дониши кормандон мунтазам семинару тренингҳо ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Чин барои омӯзиш дар самтҳои мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, фаъолияти ташхисӣ-криминалистӣ, кинологӣ ва терроризм фиристода шудаанд, ки ин семинару тренингҳо бешубҳа натиҷаи дилхоҳ медиҳанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои таҳким ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои амалӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки онҳо ҳамеша барои ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳо омода буда, ҳамаи имкониятҳоро дар муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм ва хариду фурӯши одамон истифода хоҳанд кард.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика