Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ бо ҷамъи ҳайати Афғонистон дар ВКД

Имрӯз (18.09.с.2017), муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии муовини Вазири умури дохилаи ин кишвар Абдулхалил Бахтиёр вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон: Муҳаммад Ориф Нурӣ – Сарпрокурори гурӯҳи мақсаднок оид ба адлияи ҷиноии Маркази адлия оид ба мубориза бо маводи мухаддир, Ҷавад Маликзой – Фармондеҳи воҳиди кашшофӣ ва таҳқиқи Департаменти мубориза бо маводи нашъаовари полиси Афғонистон, Муҳаммад Гул Ваҷдӣ – Фармондеҳи воҳиди махсуси миллии Департаменти мазкур ва Саид Маҳдӣ Каземӣ – котиби матбуотии Департаменти мубориза бо маводи нашъаовари полиси Афғонистон иштирок доштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби Тоҷикистон: муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар Тағой, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Азизулозода Сафиало, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полквоники милитсия Абдуллозода Зумрад, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД полковники милитсия Шарифзода Баҳром, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД полковники милитсия Ҳабибуллоев Сафар ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, INL, UNODC ва ММҲИОМ (ЦАРИКЦ) ширкат варзиданд.
Сараввал, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҷамъи ҳайати Афғонистонро барои ташриф овардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо полиси Афғонистон дар робитаи зич қарор дошта, дар заминаи санадҳои ба имзорасида як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд.

Аз он ҷумла, ҳамкориҳо бо полиси сарҳадии ин кишвар рушду нумӯъ ёфта, чанде қабл кормандони полиси Афғонистон дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассус таҳсил намуда буданд.
Зикр гардид, ки ба наздикӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳо ба истифода дода шуд.
Дар ин замина Вазорати корҳои дохилӣ омода аст, ки дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисос бо Вазорати умури дохилаи Афғонистон ҳамкорӣ намояд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, қочоқи инсон ва мубодилаи иттилоот гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Муовини Вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулхалил Бахтиёр зимни баромад қайд кард, ки кормандони полис вазифаи мушобеҳ дошта, бо ҳам дӯсти воқеианд.
Хушбахтона кишваре, ки мо бо он ҳамсоя ҳастем, яъне Тоҷикистон дар он сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ ҳукмфармо буда, мардуми Афғонистон аз кӯмакҳои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд аст.
Мо дар якҷоягию ҳамбастагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки террористон ба аҳдофи стратегии худ нарасанд. Полиси Афғонистон навкор буда, ҳамагӣ 17-сол дорад, вале Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бою ғанӣ дошта, мо бо ин ниҳоди пурқудрат табодули таҷриба намуда, мубодилаи иттилоотро низ тақвият мебахшем.
Дар хотима ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани ҳамкориҳо дар самти пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар ҷурму ҷароим табодули афкор намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва якдилию якмаромӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло ....

    Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми ....

    02.06.2020 23:23
  • Садамаи нақлиётии марговар

    Санаи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30 дақиқа, ронандаи ....

    02.06.2020 09:42
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ, бо ариза марди 60-солаи сокини ....

    02.06.2020 09:39
  • Корбари бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ

    Ҳифзи саломатии аҳолӣ самти фаъолиятест, ки имрӯзҳо милитсия бо назардошти ....

    01.06.2020 17:18
  • Назоратчии барқ маблағи муштариёнро тасарруф кард

    Дар асоси аризаҳои воридщуда ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов ....

    01.06.2020 17:15
  • Ҳар як шахс бояд муҳофизи саломатии худ бошад!

    Имрӯз (01.06.с.2020), бо иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ....

    01.06.2020 16:47
  • Ошкор шудани дуздии 30 ҳазор доллари амрикои ва 40 ҳазор ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи ....

    01.06.2020 10:20
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Дустӣ, Хуросон ва ....

    Рӯзи 30-юми майи соли 2020, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    01.06.2020 10:18
  • Созанда мебояд на сузанда

    Офатҳои табиии вақтҳои охир бавуҷудомада, боиси хисороти молӣ ва ҷонӣ ....

    30.05.2020 09:53
  • Ба ҳалокат расидани марди 58-сола дар заминаи қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    30.05.2020 09:14
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика