Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳамкории судманд баҳри ҳифзи ҳукуқҳои кӯдак

Имрӯз (23.08.с.2017), вохӯрии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Мансур Бухоризода бо намояндагони ташкилоти ғайритиҷоратии Бунёди Terre Des Hommes-Швейтсария дар Тоҷикистон доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021, ки 29 июни соли 2017 ба тавсиб расида ва аз ҷониби Тоҷикистон ба имзо расидааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Намояндагони ВКД иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва адолати судӣ нисбати ноболиғон корҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 ва нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки дар он амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дарҷ гардидааст, гувоҳи бараълои он аст.
Дар ин замина Вазорати корҳои дохилӣ баҳри дар амал татбиқ гардидани Барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак фаъолияти худро ба роҳ монда, ин масоилро ба тариқи доимӣ пайгирӣ менамояд.

Намондагони ташкилоти ғайритиҷоратии Бунёди Terre Des Hommes-Швейтсария дар Тоҷикистон, аз ҷумла Саймуродова Сайёра - мутахассис оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва менеҷери идораи ташкилоти мазкур Шариф Шарипов изҳор доштанд, ки вобаста ба Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкориро ба роҳ монда, ҷиҳати амалисозии он дар оянда ба нақша гирифта, кӯмаки худро мерасонад.
Абдулло Шоев, нозири калони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД, капитани милитсия.


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Даст ба дуздӣ задани марди 33-сола

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 59-солаи сокини ....

    26.05.2020 10:10
  • Боздошти заминсоз барои гирифтани пора

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    26.05.2020 10:09
  • Ошкор гардидани куштор дар шаҳри Бохтар

    Барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани шахси дигар ....

    25.05.2020 11:33
  • ҚАЛЛОБӢ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи ....

    25.05.2020 10:09
  • Ошкор шудани дуздии 3-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 69-солаи сокини ....

    25.05.2020 10:07
  • Сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус

    Соати 17:30 дақиқаи рӯзи 24 майи соли равон дар Бозори ....

    24.05.2020 23:31
  • Қадрдонии ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар ВМКБ

    Бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» дар РВКД ВМКБ ба бархе аз ....

    23.05.2020 12:46
  • Кӯмак ба кормандони Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ

       Хайру эҳсон яке аз амалҳои наҷиб ба шумор рафта, афроди ....

    23.05.2020 12:39
  • Дуздии 8 ҳазор сомонӣ аз дохили дукони нонпазӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 48-солаи сокини ....

    23.05.2020 09:58
  • Ҳалокати 4 нафар дар садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 21-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    23.05.2020 09:56
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика