Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди ҳамкориҳои судманд бо Раёсати Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон

Дар Вазорати корҳои дохилӣ масоили ҳамкориҳо дар самти таъмини амният бо намояндагони Раёсати Комиссари Олии СММ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Зимни мулоқот, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, Мушовири аршади минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ аз Дафтари Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) хонум Энн Дориан, мушовири аршади минтақавии UNHCR оид ба масъалаҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Ораш Эрондуст ва мушовири Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Кандибко Андрей иштирок доштанд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва рушди муносибатҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошта, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика