Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ бо намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх

Имрӯз (16.02.с.2017), муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич бо роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Клаудия Аззолини вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ инчунин, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад ва аз ҷониби намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон муовини Ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои ҳимоя Вербич Зоряна ва роҳбари раёсат оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ва сиёсати ахборотӣ Ашот Астабатсян иштирок доштанд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ Навҷувонов Абдулло Шанбиевич меҳмононро хайрамақдам гуфта, зимни суханрониаш қайд намуд, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст бо намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон дар доираи фаъолият ҳамкориҳоро тақвият диҳад.
Қайд карда шуд, ки намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият дошта, ба аҳолии бар асари низоъҳои мусаллаҳона зарардида кӯмаки худро расонида, дар муддати 20 сол дар ин самт даҳҳо барномаҳоро роҳандозӣ намудааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда ва ташкили семинару тренингҳоро дар доираи нақшаи муштараки баимзорасида мавриди муҳокима қарор доданд.
Роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Клаудия Аззолини зимни суханронии хеш барои пазироии гарм изҳори миннатдорӣ намуда, ба сатҳи ҳамкориҳои миёни Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон баҳои баланд дод. Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳо боз ҳам рушд меёбанд.
Созмони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх яке аз қадимтарин созмонҳои дунё буда, ҳанӯз 154 сол қабл ба кор оғоз кардааст, намояндагии ин созмони бонуфузи мустақил ва бетараф дар зиёда аз 80 кишвари дунё фаъолият дорад.
Х.Солиҳов 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • ҒОРАТГАРӢ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ 16-солаи ....

    11.07.2020 09:41
  • Хатлон: Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – пешгирӣ аз сироятёбист

    Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID-19 ....

    10.07.2020 16:15
  • Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани  ....

    10.07.2020 10:10
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.07.2020 10:07
  • Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии ....

    Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии ....

    10.07.2020 10:05
  • Хатлон: Милитсия - наҷотбахшу ҳомии ҳалқу миллат

    Ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ....

    10.07.2020 10:04
  • Пешвозгирии меҳмонон дар минтақаи сайёҳии «Camping Village» дар ноҳияи Айнӣ

    Ҷихати дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    10.07.2020 10:04
  • Одамкушӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    09.07.2020 14:22
  • Бо корд захми гардидани падару писар дар заминаи муноқиша

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи ....

    09.07.2020 14:20
  • Боздошти марди 37-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 43-солаи сокини ....

    09.07.2020 14:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика