Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масоили ҳамкориҳо дар мулоқот бо Сафири ҶИА

Имрӯз (04.02.с.2017), мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ доир гардид.
Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муовини атташеи ҳарбии Сафорати мазкур Заманудин Заман, консули Сафорат Аҳмад Муслим Ҷоҳид ва котиби сеюми Сафорати зикргардида Фаридун Секандарӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед, сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД генерал-майори милитсия Рустамзода Мустафо, сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Азизулозода Сафиало, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур иштирок намуданд.
Сараввал, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро Сафири навтаъингардидаро бо ин вазифаи пурмасъули дипломатӣ табрику таҳният намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳои беназир таманно кард.


Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷаноби Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ изҳор дошт, ки таърих, адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷику афғон муштарак буда, дӯстию рафоқат, бародарию ҳамҷаворӣ аз қарнҳои дур то ба имрӯз маншаъ мегирад.
Боиси ифтихор аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри пешгирӣ ва муҷодала бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб тадбирҳои судманд меандешанд.
Боиси тазаккур аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош доранд, аз бархурд ва муносибату муоширати хуби намояндагони полис изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки ҳамкориҳои пурсамар дар самтҳои мухталифи ҳаёти рӯзмараи ду кишвар, махсусан дар мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар байни мақомоти умури дохилаи тарафайн густариш ёфта, дар ин соҳа талошҳои муштарак роҳандозӣ мегарданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарҳадот ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар интиҳо Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро афзуд, ки заминаҳои нави ҳамкориҳо дар ҷодаи муборизаи муштарак бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ тақвият ёфта, самараи дилхоҳ ба бор хоҳанд овард.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика