Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон

Имрӯз (03.02.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алӣ Рифат Кёксал мулоқот доир намуд.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Алӣ Рифат Кёксалро барои таъин гардидан ба вазифаи пурмаҳсули дипломатӣ – Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои муҳими давлатӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлат рӯз аз рӯз пеш рафта истода, чунин муносибат махсусан байни мақомотҳои корҳои дохилии ду кишвар эҳсос мегардад. Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо, ба имзо расидани як қатор Созишномаҳо, тавофуқномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум ҷиҳати дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба имконоти васеъ фароҳам овардааст.
Аз он ҷумла, ба имзо расидани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва ҷинояткории муташаккил аз 7-уми ноябри соли 2001 муҳим ба шумор рафта, дар ин замина Комиссияи муштарак ташкил гардидааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, табодули таҷриба, мубодилаи иттилоот, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷаноби Алӣ Рифат Кёксал аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд қаноатмандии хешро иброз дошта, барои минбаъд тақвият бахшидани муносибатҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар изҳори боварӣ намуд.


Мавсуф қайд кард, ки мулоқоти имрӯза боз як қадами устуворест, ки кишварҳои моро бо ҳам наздик намуда, робитаҳои касбиро дар ҳамаи самтҳо равнақу ривоҷ медиҳад.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо аз рушду нумӯи ҳамкориҳои муфид изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Боздошти зани 55-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 34-солаи сокини ....

    02.07.2020 09:16
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    02.07.2020 09:15
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ховалинг

    Рӯзи 1-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи ....

    02.07.2020 09:13
  • Сӯхтор дар мағозаи хӯрокворӣ

    Шаби 30-юми июни соли 2020 соати 23:45 дақиқа дар мағозаи ....

    01.07.2020 17:28
  • Боздошти ду нафар барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дар ноҳияи ....

    Дар асоси аризаҳои шаҳрвандон ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён оиди ....

    01.07.2020 11:47
  • Боздошти ҷавонони 19 ва 20-сола бо гумони қасдан расонидани зарари ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони ....

    01.07.2020 09:18
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Хуҷанд

    Рӯзи 30-юми июни соли 2020, тахминан соати 04:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    01.07.2020 09:13
  • Ҷавонони фаъол ба кумаки сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон рафтанд

    Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзҳои 14-16 майи соли 2020 ....

    30.06.2020 10:34
  • Рейди милитсия барои пешгирӣ аз талбандагиву оворагардӣ дар Хуҷанд

    Роҳбарияти шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст маркази маъмурии ....

    30.06.2020 10:25
  • Мусодираи Револвер бо 6 адад тир

    Нигоҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон сабаб шуд, ки нисбати шаҳрванд Исломов ....

    30.06.2020 10:20
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика