Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо Эстер Тетруашвилӣ

Дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии намояндагони вазорат бо намояндаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Эстер Тетруашвилӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба корҳои илм полковники милитсия Каримҷон Солиев ва кормандони масъули Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД иштирок доштанд.


Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва расонидани кӯмак ба қурбониёни ҷиноятҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилилиро дар самти ҳуқуқи инсон эътироф ва қабул намудааст.
Дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ба тасвиб расонида шудааст. Аз он ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июли соли 2014 «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз савдои одамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гражданӣ, оила, ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва онро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Хусрав Солеҳов, подполковники милитсия. 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • ҒОРАТГАРӢ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ 16-солаи ....

    11.07.2020 09:41
  • Хатлон: Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – пешгирӣ аз сироятёбист

    Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID-19 ....

    10.07.2020 16:15
  • Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани  ....

    10.07.2020 10:10
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.07.2020 10:07
  • Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии ....

    Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии ....

    10.07.2020 10:05
  • Хатлон: Милитсия - наҷотбахшу ҳомии ҳалқу миллат

    Ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ....

    10.07.2020 10:04
  • Пешвозгирии меҳмонон дар минтақаи сайёҳии «Camping Village» дар ноҳияи Айнӣ

    Ҷихати дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    10.07.2020 10:04
  • Одамкушӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    09.07.2020 14:22
  • Бо корд захми гардидани падару писар дар заминаи муноқиша

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи ....

    09.07.2020 14:20
  • Боздошти марди 37-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 43-солаи сокини ....

    09.07.2020 14:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика