Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Сафири Фаронса

Имрӯз (21.01.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар вохӯрӣ доир намуд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро хонум Ясмин Гуедарро бахшида ба таъин шуданаш ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Фаронса аз 3 марти соли 1992 ба роҳ монда шудаанд. Дар ин замина Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ гардид.


Бояд тазаккур дод, ки соли 2002 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Фаронса баргузор гардида, зимни ин сафар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ба имзо расонида шуд, ки он барои ҳамкориҳои тарафайн дар самти мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ боз ҳам тақвият ёфта, муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб самараи дилхоҳ ба бор меорад. Оромии Тоҷикистон барои мо – фаронсавиҳо бисёр муҳим ба шумор меравад» - афзуд дар ҷараёни мулоқот Сафири фавқулодда ва мухтори давлати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар.
Тарафайн ҳамчунин атрофи масоили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ва тарбияи дурусти онҳо ибрози андеша намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика