Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин

Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов меҳмононро хайра мақдам гуфта, зикр намуд, ки ҳамкориҳо миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, экстремизм, терроризми байналмилалӣ, муқобилият ба таҳдид ва хатарҳои минтақавӣ тақвият меёбанд. Ҷониби Тоҷикистон омода аст, дар ин самтҳо минбаъд низ ҳамкориҳоро идома диҳад.  

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои сохтмони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани кадрҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ намуданд.

Муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Сюй Найган барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимод ба ҳисоб рафта, дар ин самтҳо чандин созишномаҳои байни ҳукуматӣ, байниидоравӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба имзо расонида шудааст. Мавсуф изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳо боз ҳам зичтар ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Наргис Сангинова


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика