Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷмааи Махдуми Аъзам, Ҳисор

266

Махдуми Аъзам (арабӣ: مَكهدُمِ اَزَم ال خَسَنِ ال ضَهبِدِ), англ. Shaykh Aḥmad ibn Mawlānā Jalāl al-Dīn Khwājagī Kāsānī ‘Makhdūm-i Aʻẓam’ - Саид Ҷалол ад-дин Аҳмад ал-Касанӣ ад-Дахбедӣ (1461-1542), олими исломшинос, фақеҳ ва муассиси мактаби (тариқати) «Даҳбедия»-и Нақшбандия аст, ки аз Мовароуннаҳр то ба Туркистони Шарқӣ, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон интиқол ёфтааст.
Сайид Аҳмадхоҷаи Косонӣ зеҳни ниҳоят тез ва пок дошт, хушфаҳм буд, дар вақти аз падараш сабақ гирифтан дар бисёр масъалаҳо аз дигар талабагон пешқадамӣ мекард, ба саволҳо бо тезӣ ва пурра ҷавоб медод, ҳатто мударрисон ҳам аз зеҳни тезу истеъдоди эшон ба ҳайрат меомаданд. Ӯ пас аз такмили дониш ба зодгоҳаш баргашта, фаъолияти худро идома дод. Овозаи эшон дар байни орифон, уламову удабоҳо, мударрисон зуд паҳн гашт. Ҳокимони Миёнқолу Кармина эшонро ба вилояти Самарқанд даъват карданд. Устоди аввалини Сайид Аҳмад Мавлоно Мир Сайид Алӣ буда, аз он кас илми сарфу наҳвро омӯхт. Дар асоси дастури мадраса Сайид Аҳмадхоҷа бо бисёр олиму фозилон сӯҳбат карда, ба илми тасаввуф рағбати бузург пайдо кард.
Барои мукаммал гардонидани илми тасаввуф Сайид Аҳмад бо маслиҳати устодаш Мавлоно, Мир Сайид Алӣ ба Тошканд рафт. Ба хидмати шогирди беҳтарини Хоҷа Аҳрори Валӣ - Мавлоно Муҳаммад Қозӣ шарафёб гардид. Ва аз он кас 12 сол илми тасаввуфро омӯхт ва номи «Шаҳбози баландпарвоз»-ро гирифт.
Пас ба ҷараён ва тариқати Нақшбандӣ шинос мешавад ва фаъолияти худро дар ин фирқа оғоз менамояд. Волидайни Ҳазрати Махдуми Аъзам ба пайғамбарамон - Муҳаммад Мустафо (с) рафта мерасанд, ки дар бораи насабномаи онҳо бисёр китобҳои қадима, навиштаҷоти болои санги қабр (ёдгориҳои эпиграфӣ) ва пештоқҳои обидаҳои таърихӣ кошонкорӣ карда шудааст. Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки насабнома ва шаҷараи табақаи Сайид Аҳмадхоҷа дар Осиёи Марказӣ аз ҳама бисёртар қайд карда шудааст. Масалан «Ҷомеъ- ул- мақомот », «Равонӣ- ул- Қудс», «Тӯҳфат-ул-зоирин», «Тазкираи азизон», «Ҳидоятнома», «Девонӣ» (рисолаи) ҳақоиқ ва маорифи Ҳилолӣ Афғонистонӣ, «Маноқиби Ҳазрати Мӯдия», «Маноқиби Каъбулахбор», «Қандия», «Девонӣ», «Машраб», «Даҳбед»-и профессор Н. Веселовский ва ғайраҳо.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика