Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қалъаи Ҳисор

366Қалъаи Ҳисор ҳамчун шоҳиди бузурги корнамоии аҷдодон, ёдгоре аз шаҳрҳои бостон, нишонае аз аҳди Ҳахоманишиҳо - намунаест аз даврони пуршаъну шон - аз аҳди Сосониёну Сомониён. 

Қалъаи Ҳисор - ормони дили ҳазорҳо аҷдодони дар ҳасрати Истиқлолият, сулҳу осоиш ҷон ба ҷонофарин супорида ва мулки худододи аз ниёгон мерос монда барои ҳар тоҷику тоҷикистони азиз буду ҳаст.
Қалъаи Ҳисор боз аз он ҷиҳат барои ҳар тоҷики ватандӯст азиз аст, ки Эъломияи таъсиси давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924 маҳз дар майдони Регистони ин ҷо хонда шудааст.
Агарчи дарвозаи Қалъаи Ҳисор умри 500-сола дошта бошад ҳам, пойдевори он таърихи зиёда аз 3 ҳазорсоларо дар худ ниҳон дорад. Аз ин макон аслиҳаи даврони санг пайдо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки мавқеи ҷуғрофии шаҳри Ҳисор, фазои мусоиди экологӣ ва иншооти соҳа, аз қабили мамнӯъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сатурн», мамнуъгоҳи таърихию мадании Ҳисор барои рушди сайёҳӣ иқтидорӣ воқеӣ доранд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика