Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чилучорчашма, Курғонтеппа

1021

Чилучорчашма – яке аз ёдгориҳои табии ва экологии Тоҷикистон мебошад. Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир аст.
Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола ва қадамҷойи ҳазрати Алӣ, аз ёрони Расули Худо, шинохта шудааст. Чилучорчашма дар Тоҷикистон ва дар Ўзбекистони ҳамсоя хеле машҳур аст. Дар ин мазеъ, ки дашту биёбон буд (то обёрӣ кардан ва сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шўравӣ), аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада ба 39 чашмаи майда тақсим мешавад. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷоя шуда, ҷўйбори калони васеъгиаш 12-13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд.
Мавзеи зиёрат ва табобат
Чилучорчашма мавзеи зиёрат ба шумор меравад. Зиёраткунандагон ин ҷо таҳорат мекунанд, намоз мегузоранд, қурбонӣ меоваранд ва дар оби чашма оббозӣ мекунанд. Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад. Ҳар як чашма хусусияти табобат ва номи маҳаллии хос дорад: “Чашмаи морон, Хунукзадагон” - аз газидани мор ва аз шамол задан, “Устухондард” - аз касалиҳои устухон, “Табларза” - аз табларза, “Шифо”- шифобахш ва диг.
Одамонро софу беолоиш ва дармонбахшии оби чашмаҳои ин мавзеъ ва низ моҳиҳои зебову чашмрабои он мафтун кардааст. Зоирон мегӯянд, бахусус, аз тамошои гулмоҳӣ дар оби шаффоф сер намешаванд. Аммо моҳиҳои ин чашмаро доштан ва ё истеъмол кардан қатъиян манъ будааст, чун ин моҳиҳо нуқраро аз об ҷудо карда мехӯрдаанд. Нуқра дар ҳарорати 130 дараҷа тасфад, он ба заҳр табдил меёфтааст ва табиист, агар моҳиҳои Чилучор чашмаро рӯйи оташи 600-дараҷаи бирёнед, он аз худ заҳр ҳосил мекардааст.
Аммо пажӯҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рӯҳӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошад.
Имрўз дар ҳудуди чашма боғи калони дарахтони мевадор воқеъ аст. Ҳамчунин чанд хона барои зиёраткунандагон сохта шудааст. Зиёраткунандагон асосан аз моҳи апрел то моҳи сентябр сершуморанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика