Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Искандаркӯл - кӯл дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон

514

Искандаркӯл, яке аз кӯлҳои зеботарини диёри тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки он дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар доманаи кӯҳҳои Бутамони охир (Ҳисор) ҷойгир аст. Мувофиқи фарзияи маъмули муосир, Искандаркӯл, номи яке аз забткунандагони асрҳои IV-и пеш аз мелод Искандари Мақдуниро ба худ гирифтааст.
Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.
Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон (Панҷакент, Айнӣ, Мастчоҳ) гӯшаҳое дучор меояд, ки офаридаҳои ғайримуқаррарӣ дошта дар бахшашон васф намуда, ривояту афсонаҳо эҷод кардаанд.
Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ Искандари Мақдунӣ ( 356 п.м. - 323 п.м.) вобаста мекунанд, ки соли 329 п.м. Осиёи Миёнаро забт кардаст.
Искандаркӯл якчанд маротиба номгӯйи дигар дошта дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё «Ҳудуд-ул-олам» (893 муаллифаш номаълум) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркӯли имрӯзаро Дарёжа чун андаруни вай нишон додаст. Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) К. Ф. Бутёнов муҳандис-афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (дар амалиётҳои ҳарбӣ вазъияти муҳосира) акс кардаст. Ин номгӯй ба ҳақиқат рост намеояд, чунки дар забони суғдӣ «искӣ» маънои баландӣ, «дар» — маҳалла, макону дараро мефаҳмонад. Искандаркӯл ҳам, дар баландии 2195—2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли «искотар» ё «искодар» меномиданд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон деҳаҳои Искодар, Дардар, Искондарак, Исковати водии Зарафшон, Вискроғ, Виҷиск, Искад, Ванҷ, Искодари Кӯлоб, Сикати Боло, Сикати Пойини Вахё, Искандараки ш. Душанбе дар баландиҳо ҷойгиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки нимҷазираи Скандинавия аз истилоҳи суғдӣ шояд «кӯҳҳои баланд»-ро мефаҳмонад.[6]
Гарчанде «Искодар» ва «Искотар» бо истилоҳи «таран» мафҳуми мухталиф дошта бошад ҳам, мавқеъ ва маҳаллаи баландро ифода мекунанд. Вожаҳои «Искодар» ва «Искотар» ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд. Оид ба ин масъала ховаршинос Василий Владимирович Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст. Ҳамин тавр, бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топонимҳо аз «қӯл» ба кӯл, аз «Искотар» ба «Искандар» ва дар охир ба истилоҳи таҳрирёфтаи Искандаркӯл гузаштааст, ки ба ҳақиқат рост меояд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика