Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавзеи таърихие дар домани кӯҳистон

858Миллати тоҷик таърихи қадимӣ дошта, анъана ва мероси ниёгони мо бори дигар аз таърихи бою рангин доштани тоҷикон дарак медиҳад. Худ ба таърих назар афканем, мебинем, ки мардуми кӯҳансоли моро аз рӯйи ҳунармандиашон мешинохтанд ва ин омил муаррифгари анъанаҳои бойи ниёгонанд.

Хушбахтона, бо пешниҳод ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардид ва имрӯзҳо бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат оид ба арҷгузорӣ ба ҳунарҳои мардумӣ, мероси ниёгон, ҷойҳои таърихӣ ва табиати афсонавии Тоҷикистон пайваста метавонад диққати сайёҳонро ба худ ҷалб созад. Яке аз чунин ҷойҳои таърихӣ ва маданӣ, оромгоҳи Шайх домулло Одинаи Валӣ дар деҳаи Лухчи ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз мебошад.

Шайх домулло Одина аз шахсиятҳои барӯманди нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX маҳсуб меёбад. Ӯ барои таҳсил ба мадрасаи Бухоро роҳ пеш гирифтааст, ки ин ба соли 1867 рост меояд. Ҳангоми таҳсил дар мадраса илмҳои ҳамон замонро аз бар намуда, Қуръонро бо тафсир хеле хуб медонист, инчунин хати зебо низ дошт, ки дасхатҳояш аз он шаҳодат медиҳанд. Бештари ҳаёту фаъолияташ дар Бухорои Шариф гузашта, 25 сол таҳсили илм намуда, 15 соли дигар дар мадрасаи Бухоро ба таълиму тадрис машғул будааст. Дар баробари ба зодгоҳаш омадан, дарсхона (хонақоҳ) кушода, ба шогирдон дарс мегуфт. Шогирдонаш аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Қаротегин ва атрофии Сағирдашт буданд.
Наберааш Одина Мирзоев, ки айни замон дар қайди ҳаётанд, ривоят мекунад, ки дар хонаи бобояш 3 сабади калон пур аз китобҳои гуногун ва калонҳаҷм буд. Тахмин меравад, ки теъдоди онҳо ба 200-300 адад мерасид. Баъди барпошавии ҳокимияти Шӯравӣ, писарамаки домулло бо номи Мирзораҳим, ки соли 1974 фавтидааст, аз тарс китобҳоро нобуд месозад.
Мақбараи домулло Одина аз сатҳи баҳр дар баландии 2434 метр ҷойгир шудааст. Мавқеи мақбара, чордевори атрофи он бо хоҳиш ва интихоби худи домуллост. Дар назди мақбара, инчунин арчаи худрӯйи майда будааст, ки баъд аз дафни домулло дар зери арча чашма пайдо гардидааст. Дар ҷойи зиёратгоҳ бошад, санге мисли курсӣ мавҷуд аст. Аз тарафи рости оромгоҳ набераи домулло Идии Мирзораҳим ва авлодонаш дафн карда шудаанд. Бошандагони деҳаи Лухч, моҳи майи соли 1988 мақбараро азнавсозӣ намуданд.
Чор тарафи мақбараро кӯҳҳои сарбафалак ва манзараҳои дилкашу дилнишин иҳота намудаанд. Аз мақбара 350 метр поён рӯди мусаффои ағбаи Сағирдашт ва дарёчаи Сари Об ҷорист, ки аз кони тилло маншаъ гирифта, бо гулмоҳиҳояш машҳур аст. Аз рӯд болотар боғи сарсабзу хуррам, ки дар он дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда зиёданд, ҷойгир буда, барои истироҳат ва фароғат муфид аст. Дар баробари ин, аз пойи мазор чашмаҳо ҷорист, ки дар наздикии боғ аз баландии 14 метр мисли шаршара мерезад ва ин табиати мафтункунанда ба кас ҳаловат мебахшад. То назди оромгоҳ пайроҳа мавҷуд аст, ки то расидан одамон аз гулу гиёҳҳои рӯидааш хоч, чукрӣ, торон, пиёзи кӯҳӣ ва растаниҳои табобатии шифобахш истифода мебаранд.
Ба хотири бозомӯзӣ ва муаррифӣ намудани ҷойҳои таърихӣ бо мусоидати раиси ноҳияи Дарвоз, раиси ҷамоати Сағирдашт ва дигар масъулин роҳи мошингард, ки ҳамагӣ 8 км-ро ташкил медиҳад, аз ду самт пурра таъмир гардид.
Шайх домулло Одинаи Валӣ моҳи марти соли 1920 дар зодгоҳаш - деҳаи Лухч аз олам гузаштааст.
Инчунин, бо мақсади ҷалби сайёҳӣ дарсхонааш (хонакоҳ, ки масоҳати бино 24 м2) ташкил медиҳад, аз нав сохта шуда, мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин амалҳои нек ва шоиста мардони саховатпеша ва соҳибкорони ватандӯст ҳиссагузоранд. Дар баробари ба истифода додани бинои мазкур, дар дохили он тамоми ёдгориҳои ба ҳамон давра мутааллиқ гузошта хоҳанд шуд.
Деҳаи Лухч, ки дар ҷамоати деҳоти Сағирдашт аз деҳаҳои қадимтарин маҳсуб меёбад, дар он ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили оҳангарӣ, камонсозӣ, зарфсозӣ (кӯлолӣ), чӯбтарошӣ, чармгарӣ, намадрезӣ, гулдӯзӣ ва ҷуроббофӣ рушд ёфта буданд. Дар ҳар оила нафаре ба ҳунарҳои бобоӣ дилбастагӣ дошта, ҳунарҳои бамеросмондаро талқин медиҳанд ва ризқу рӯзӣ низ ба даст меоварданд. Айни замон дар ин деҳа ҳунарҳои оҳангарӣ ва чӯбтарошӣ рушд ёфтаанд.
Меҳровар ОДИНАЗОДА,
курсанти Коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №28(480) аз 12-07-2018 сол




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика