Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ

364Дар ҳақиқат, кишвари биҳиштосоямон - Тоҷикистон, маконест пур аз ганҷу гуҳар ва дорои табиати дилчаспу афсункунанда, ки мувофиқи тадқиқоти олимон, муайян карда шудааст, ки дар ҳудуди ин сарзамин 900 геокомплексҳои табиӣ бо 40 номгӯи манзараҳо мавҷуд аст. 

Тоҷикистон бо чашмаҳои мусаффо ва растаниҳои шифобахшу манзараҳои дилфиребаш ба оламиён машҳур гаштаасту ҷаҳониён ин сарзамини офтобрӯяро марвориди Осиёи Марказӣ ном мебаранд. Тоҷикистон бо шароитҳои махсуси иқлимиаш дар байни мамолики ҳамсоя мақоми махсусро ишғол менамояд. Зеро дар қаламрави кишвар зиёда аз 200 чашма, аз ҷумла 40 чашмаи гарм, инчунин 3,5 ҳазор намуди растаниҳои шифобахш мавҷуд аст.
Ғайр аз ин, мардуми сарбаланди тоҷик таъриху тамаддуни ниҳоят пурғановату бой дорад. Дигар омиле, ки дар инкишофи соҳаи сайёҳӣ таъсир мерасонад, мавҷудияти ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва фарҳангию маданӣ ба ҳисоб меравад, чунки бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин ёдгориҳо таваҷҷуҳ доранд. Мавҷудияти чунин шароитҳо имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳиро дар ҷумҳурӣ равнақ дода, дар ин замина баҳри ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳми худро гузорем. Зеро сайёҳӣ падидаи мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии замони муосир маҳсуб ёфта, яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки соҳаи мазкур дар содироти ҷаҳонии молу хизматрасониҳои мухталиф низ пас аз маҳсулотҳои нафтӣ ва истеҳсолу фурӯши автомобил дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Дар баъзе кишварҳо ҳаҷми даромад аз соҳаи сайёҳӣ зиёда аз 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки ба фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, кишоварзӣ, фарҳанг, санъат ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум таъсири мусбат мерасонад. Ба ақидаи иқтисодчиёни Шӯрои иқтисодии СММ, давлат дар сурате соҳаи сайёҳиашро хуб инкишоф дода метавонад, ки агар 87 фоизи неъматҳои моддии зарурии сайёҳон аз истеҳсолоти миллӣ таъмин карда шавад.
Тоҷикистони азизи мо, бо табиати зебо, бо чашмаҳои шифобахшаш, ба мисли Гармчашма, Хоҷа оби Гарм, Ёс, Анзоб, Ҳаватоғ, Оби гарм (Роғун), Шоҳамбариву Чилучорчашма, инчунин бо кӯҳу дарёҳо, мамнӯъгоҳҳо ва шикоргоҳҳо, шароити хуби кӯҳнавардӣ ва дигар ҷойҳои табиии сайру сайёҳатиаш машҳур гаштааст. Аз ин сабаб дар ҳолати диққати ҷиддӣ додан ба соҳаи сайру сайёҳат мо метавонем дар қатори кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ тараққикарда ҷой гирем.
Бояд хотиррасон кард, ки Сари Хосор (Балҷувон), Искандаркӯл (Айнӣ), Вахон (Ишкошим), Камароб (Рашт), Алмосӣ (Ҳисор), Ширкент (Турсунзода) ва чандин мавзеъҳои дигар дар оянда барои қабул кардани сайёҳон макони хуби сайёҳӣ эълон шудаанд. Аз ин лиҳоз соҳаи сайёҳӣ дар солҳои наздик ба як соҳаи муҳими манфиатбахшу сердаромад табдил хоҳад ёфт.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қарор дар бораи эълон намудани ноҳияҳои Варзобу Балҷувон ва дараи Ромит ҳамчун минтақаҳои табобатию истироҳатӣ ва сайёҳӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба ин соҳа аҳамияти хосса дода истодааст.
Мавҷудияти захираҳои фароғатию тибиии хусусиятҳои зиёди минералӣ асоси бавуҷудоӣ ва инкишофи сайёҳии рекреатсионӣ ба ҳисоб мераванд. Дар айни ҳол дар осоишгоҳои Ҳавотоғ, Хоҷа оби Гарм, Зумрад, Шоҳамбарӣ, Чилучорчашма, Гармчашма ва ғайра, ки оби гарму сарди шифобахш доранд, ҳазорҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ истироҳат мекунанд, ҳамчунин дар минтақаҳои сайёҳии «Ромит», «Варзоб» «Балҷувон» ва соҳилҳои обанбори «Баҳри Тоҷик» (шаҳри Гулистон) истироҳатгоҳҳои зиёд бунёд гардидаанд, ки барои ҳарчи бештар ҷалб гардидани сайёҳон нақш гузошта метавонанд.
Тавре гуфтем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ гардидааст, ки ин тадбирандешӣ боиси давоми се соли охир афзоиш ёфтани шумораи сайёҳон, ду баробар - аз 207 ҳазор то 414 ҳазор нафар, гардидааст.
365Гузашта аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Консепсияи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2009-2019”-ро қабул кардааст, ки дар он самтҳои афзалиятноки рушди ин соҳа муайян шудаанд. Мувофиқи ин Консепсия, то соли 2020 ташрифи беш аз 1 миллион нафар сайёҳон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Вобаста ба ин, зарурат пеш омад, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои баландихтисос 27-уми майи соли 2017 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида - Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шавад.
Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин менамояд.
Хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷомеа ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷойгоҳи махсус доранд. Дар баробари ин, Пешвои миллат бо пешниҳоду ташаббусҳои хеш дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосса дошта, ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътимоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Мавриди тазаккур аст, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи ин фарзанди фарзонаи миллат дар заминаи сиёсати «Дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи мазкур ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудаанд.
Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар чунин зикр намуданд: «Воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд».
Аз ин лиҳоз, соҳибкорон ва сармоягузорони ватанамонро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро баҳри рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ равона созанд.
Хушбахтии мо - сокинони ин диёри биҳиштосо, дар он аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии Ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем. Бояд қайд кард, ки бояд барои рушди соҳаи сайёҳӣ на танҳо соҳибкорон, балки ҳар як шаҳрванди кишвар саҳми худро гузорад.
Мо - ҷавонон, ки зимомдорони ояндаи ин миллати таърихӣ ҳастем, якҷо бо халқи шарифу сарбаландамон имсол ва солҳои минбаъда низ ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон ҷаҳду талоши бештар намуда, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи олам ба таври сазовор муаррифӣ менамоем.
Ҳокимҷон Ҳабибов, курсанти курси 3-юми факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.




Рӯйдодҳо

  • Қаблан судшудаҳо боз даст ба ҷиноят заданд

    Барои ҷинояти дуздӣ - ҷиноят ба муқобили моликият дар моддаи ....

    28.09.2020 14:10
  • Аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд захмӣ намудани марди 53-сола

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 53-солаи сокини ....

    28.09.2020 10:57
  • Таҳдиди зӯроварӣ ба воситаи таппончаи кӯдакона

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ....

    28.09.2020 10:54
  • Садамаҳои нақлиётии марговар дар манотиқи гуногуни кишвар

    Рӯзи 25-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 09:20- дақиқа, ронандаи ....

    28.09.2020 10:53
  • Боздошти ду зан барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 42-солаи сокини ....

    26.09.2020 10:11
  • Шикояти зан барои латукуби беасоси шавҳар

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 40-солаи сокини ....

    26.09.2020 10:08
  • Ошкор гардидани ду ҳолати дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ....

    25.09.2020 10:13
  • Боздошти зани 30-сола барои ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....

    25.09.2020 10:10
  • Ба ҳалокат расидани мусофир дар садамаи нақлиётӣ

    Рӯзи 24-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    25.09.2020 10:08
  • Боздошти марди 40-сола барои дуздии чорво

    Ба ШВКД дар ноҳияи Нуробод бо ариза марди 31-солаи сокини ....

    24.09.2020 10:48
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Озмун барои таҳсил дар Федератсияи Россия

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро баъди синфи 11 ....

    04.09.2020 10:09
  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика