Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозомӯзӣ ва такмили низоми фаъолияти амалияи маъмурӣ дар Суғд

Фаъолияти амалияи маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ яке аз самтҳои афзалиятноке маҳсуб меёбад, ки имконияти бештари коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ то андозае ба он вобастагӣ дорад.
Бо мақсади такмил додани коргузории маъмурӣ бо ташаббуси шӯъбаи таҳқиқи РВКД дар вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки масъулини шӯъбаи таҳқиқ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хадамотҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, шиносномавию бақайдгирӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки фаъолияти хизматии онҳо ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ алоқамандӣ дорад семинар - машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Тартиби дуруст ба расмият даровардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд» доир карда шуд.

Ҳамоиши методӣ - таълимиро муовини сардори Раёсат полковники милитсия Нуриддин Пирумшозода ифтитоҳ намуда ҳадаф ва моҳияти онро шарҳ дод. Қайд гардид, ки низоми фаъолияти маъмурӣ дар баробари тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон омили таъсиррасонандаи пешгирии ҷинояткорӣ маҳсуб меёбад.
Аз ин лиҳоз сифатнокии тартиби барасмиятдарории ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоргардида ва дуруст ба роҳ мондани фаъолият зарур шуморида шуд.
Фармону дастурамалҳои танзимкунандаи фаъолияти амалияи маъмурӣ фарогири мавзӯи меҳварии маърузаи сардори шӯъбаи таҳқиқи Раёсат подполковники милитсия Орифзода С.Н. буд, ки бо истифода аз аёниятҳо ва нишон додани тасвир - слайдҳо матраҳ гардид. Тартиб додани маводҳои маъмурӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар муқаррароти санадҳои ҳуқуқиро фаҳмонида, мавсуф дар ин самт дастурҳои методии мушаххас дод.
Кормандони амалии мақомот имкон доштанд аз маърузаи сардори кафедраи ҳуқуқвайронкунии маъмурии факултети рақами 4-уми Академияи ВКД полковники милитсия М. Муллобоев дар мавзӯи «Истеҳсолот аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ва «Баъзе масъалаҳои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷабрдида ҳамчун иштирокчии ҳуқуқи мурофиавии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» донишҳои назариявии худро такмил диҳанд.

Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисон - таҳқиқотчиёни шуъбаи таҳқиқ капитани милитсия Толибов М.Т. ва майори милитсия Неъматов Н.Р., мавзӯъҳои «Тартиби ба расмият даровардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (аз лаҳзаи оғоз то лаҳзаи баррасии он ё аз рӯи тобеъият ирсол намудани он)», «Тартиби бақайдгирии маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва омодасозии ҳисоботҳои фаъолияти амалияи маъмурӣ» ба иштирокчиёни семинар маълумоти возеҳ дода шуд.
Иштирокчиён дар рафти семинар – машварат имкон доштанд мушкилоти дар амалия рӯ ба рӯ шавандаро баррасӣ ва маълумоти заруриро дастрас намоянд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика