Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Тақриз ба нашри Дастури амалӣ «Харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор»

Ба ҳамагон маълум аст, ки дастгир кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ашхосе, ки ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул аст, кори саҳлу осон набуда маҳз бо тариқи дуруст амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба даст оварда мешавад. Таҳлилҳои ин самти фаъолият дар ҷумҳурӣ нишон медиҳанд, ки 90% ҷиноятҳо бо роҳи оперативӣ кушода мешаванд.

Мутаасифона, имрӯзҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар гузаронидани ин намуди чорабинӣ, харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд. Айни замон байни кормандони мақомоти судӣ, мақомоти назоратбаранда (прокуратура), дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ фаҳмиши ягона дар бораи моҳияти харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор, мазмун ва тартибу тактикаи гузаронидани ин чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯии муҳим, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор ба мақомоти таҳқиқ, тафтишот, суд мавҷуд нест.

Дастури амалӣ, ки онро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор пешкаши хонандагон гардонидааст ва Шумо аз аввалинҳо шуда бо ин Дастури амалӣ дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуда истодаед. Бояд гуфт, ки дар ин дастури амалӣ барои кормандони оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ (МАФОҶ)харидории санҷишии оперативӣ воситаҳои нашъадор аз ҷониби муаллиф тамоми паҳлӯҳои қонунии он баррасӣ карда шудааст, ки дар оянда метавон гуфт, ки дастури рӯимизии на танҳо кормандони оперативии мақомоти корҳои дохилӣ, балки барои истифодаи васеъи кормандони оперативии (МАФОҶ) низ буда метавонад. 

Қайд намудан зарур аст, ки муаллиф дар нашри қаблии китобҳои дарсӣ оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳама паҳлӯҳои масъалаи мазкурро дақиқ таҳлил намуда бошад ҳам, тағйироти ҳамарӯзае, ки дар самти қонунгузорӣ дар кишвар ба амал омада истодаанд, тақозо менамоянд, ки фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони мақомоти қудратӣ маҳз дар асоси қонунгузорӣ амалӣ карда шавад. Махсусан масъалаи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди чорабинии харидории санҷишии оперативӣдар нашри Дастури амалии «Харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор» пурра дарҷ гаштаанд.

Мантиқи омӯзиши ҳамагуна илм тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама, аҳамият ва муҳимияти омӯзиши он асоснок карда шуда, вазифа ва принсипҳои он муайян карда шаванд. Аз ин рӯ, муаллиф ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, бо риояи ин қоидаи муҳими таҳқиқоти илмӣ онро чуқуру ҳаматарафа таҳлилу асоснок намудааст.

Маълум аст, ки сол то сол ҷинояту ҷинояткорӣ ба худ хусусияти хос касб намуда истодааст, ки ин аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дониши амиқу малакаи хуби кориро талаб менамояд.

Муҳимияти таҳлили ин ҷанбаи фаъолияти оперативӣ дар он аст, ки айни замон бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ имконияти васеи такмили фаъолияти оперативӣ дар ин самт пеш омадааст. Аз ин рӯ, дар ин самт, таҳлили пешниҳоднамудаи муаллиф метавонад барои ташкили фаъолияти самараноки кормандони оперативӣ ва боло бурдани савияи дониши онҳо мусоидат намояд. Аз ҳамин сабаб бо чунин тарзи содда, фаҳмо ва мутобиқ ба Қонунҳои амалкунанда таҳлил намудани ин масъала, яъне харидории санҷишии оперативии воситаҳои нашъадор яке аз дастовардҳои муаллиф ба ҳисоб меравад.

Бухориев М.Ғ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия.


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Ҳашари дастаҷамъона

    Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    12.06.2021 11:54
  • Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи бархурди ду автомашина

    Рӯзи 11-уми июни соли 2021, тахминан соати 05:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    12.06.2021 10:41
  • Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ....

    12.06.2021 10:40
  • Тайёрии ҷисмонию варзишӣ – омили муҳими хизматбарӣ

    Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    11.06.2021 11:09
  • Ба ҳалокат расидани ҷавони 19-сола дар натиҷаи чаппа шудани воситаи ....

    Рӯзи 10-уми июни соли 2021, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    11.06.2021 10:50
  • Ошкор гардидани силсилақаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 45-солаи сокини ....

    11.06.2021 10:48
  • Ошкор гардидани амалҳои қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза пирамарди 75-солаи сокини ....

    10.06.2021 10:12
  • Боздошт гардидани ҷавонзани 25-сола бо ҷурми дуздии ҷавоҳироти гуногун

    Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо ариза ҷавонзани 24-солаи сокини ....

    10.06.2021 10:09
  • Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 36-солаи сокини ....

    09.06.2021 12:01
  • Ба ҳалокат расидани ҷавони 25-сола дар натиҷаи захми корд

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    09.06.2021 11:28
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Таваҷҷӯҳ!

    Ба диққати шаҳрвандон ва сокинони пойтахт расонида мешавад, ки санаи ....

    12.06.2021 09:21
  • Эълон!

    Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ....

    08.06.2021 17:18
  • Эълон! Ба диққати ҳаводорони гӯштини миллӣ!!!

    Мусобиқаи умумиҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бо иқдом ва дастгирии Раиси Маҷлиси ....

    07.05.2021 11:37
  • 

    Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

    Qonuno

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика