Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартиби додани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо барои воситаҳои нақлиёт

 Замимаи 1                  

ба фармоиши Вазорати корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «27» марти соли

2019, №200 б/з тасдиқ карда шудааст.

Тартиби додани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи
махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо барои воситаҳои нақлиёт

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби додани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ (минбаъд АБД) бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо барои воситахои нақлиёти автомобилӣ масъалаҳои вобаста ба додани ҳуқуқи истифодаи АБД бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гирифтани онҳо дар воҳидҳои бақайдгирӣ имтиҳонотии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.
2. Амали Тартиби мазкур, дар қисмати азнавбақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба АБД воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо, ки дар Замимаи 2 дарҷ гардидаанд ва ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан дода шудаанд, паҳн намегардад.

2. МАФҲУМҲОИ АСОСИЕ, КИ ДАР ТАРТИБИ МАЗКУР ИСТИФОДА МЕШАВАНД

3. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ – аломатҳои бақайдгирифташудаи фардии воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар он кодҳои бақайдгирии давлатӣ акс гардида, бо тартиби аз тарафи қонун муайянгардида иҷро шудаанд ва бо мақсади ба танзим даровардани истифодабарии воситаи нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар нақлиёт ва дигар қоидавайронкуниҳо истифода мешаванд.
- аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси аломатҳо ва ҳарфҳо – силсилаи алоҳидаи рақамҳо ва ҳарфҳо, ки дар аломатҳои бақайдгирии давлатии нақлиёти автомобилӣ акс карда шуда, ҳуқуқи истифодаи онро метавонанд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Тартиби мазкур ба даст оваранд;
- комбинатсияи махсуси аломатҳо ва ҳарфҳо - рамзе, ки аз силсилаи махсус ва пайдарҳамии якхелаи рақамҳо ва ҳарфҳо дар аломатҳои бақайдгирии давлатии нақлиёти автомобилӣ иборат мебошад;
- соҳиби воситаи нақлиёти автомобилӣ бо аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси аломатҳо ва ҳарфҳо - шахси воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳуқуқи истифодаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси аломатҳо ва ҳарфҳоро мутобиқи Тартиби мазкур ба даст овардаанд;
- мақоми бақайдгирӣ – воҳидҳои бақайдгирии имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- ВБИ РБДА ВКД ҶТ)

3. ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ АЛОМАТҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ БО КОМБИНАТСИЯИ МАХСУСИ РАҚАМҲО ВА ҲАРФҲО БАРОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо барои воситаҳои нақлиёти автомобилиро изҳор намудаанд, бо аризаи хаттӣ ба Бозрасии давлатии автомобилӣ, ки дар он комбинатсияҳои хоҳишнамудаи рақамҳо ва ҳарфҳои аломатҳои бақайдгирии давлатӣ тасвир гардидаанд, муроҷиат мекунанд. Пас аз гузаронидани санҷишҳои дахлдор, воҳиди бақайдгирии Бозрасии давлатии автомобилӣ шахсро оид ба имконияти тайёр намудани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ хоҳишнамудааш огоҳ месозад. Дар ҳолати имконпазир будани тайёр намудани он ва пас аз пардохт намудани нархи он аз ҷониби фармоишгар, тибқи номгӯ ва андозаи дар Замимаи 2 пешбинишуда, Бозрасии давлатии автомобилӣ дар давоми як рузи корӣ аломати бақайдгирии давлатии зикршударо ба фармоиши тайёр кардан ворид карда, ба ВБИ РБДА ВКД ҶТ барои дастрас намудан ба соҳиби он, медиҳад. Аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо барои нақлиёти автомобилӣ метавонад бо роҳи муроҷиати хаттӣ ба бозрасии давлатии автомобилӣ, қаблан брон карда шавад. Муҳлати брон аз як моҳ зиёд шуда наметавонад.
5. Барои соҳиб ё шахсе, ки дар асоси ваколатномаи аз тарафи нотариат тасдиқгардида амал мекунад, ҳуқуқи нигоҳдошти аломатҳои бақайдгирии давлатие, ки коди бақайдгирии фардиро ҳангоми иҷро намудани амалҳои бақайдгирӣ (бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ)-ро нисбати нақлиёти автомобилӣ дорад, мононда мешавад.
6. Ҳуқуқи бадастовардашудаи истифодаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо гузариши ҳуқуқи моликиятро ба он ба соҳиби нави нақлиёти автомобили намедиҳад. Ҳангоми бегона намудани (азнавбақайдгирии) нақлиёти автомобилӣ, аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бояд ба воҳиди бақайдгирӣ, бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, баргардонида шавад.
7. Аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо ҳангоми бақайдгирии нақлиёти автомобилие, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ) тааллуқ доранд, дода намешаванд.
8. Гузариши ҳуқуқи истифодаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо ба шахсони сеюм иҷозат дода намешавад.

4. ПАЙДОИШИ ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ИСТИФОДАИ АЛОМАТҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ БО КОМБИНАТСИЯИ МАХСУСИ РАҚАМҲО ВА ҲАРФҲО

9. Ҳуқуқи истифодаи аломати бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо аз ҷониби шахс ҳангоми гирифтани чунин рақам дар воҳидҳои бақайдгирӣ имтиҳонотӣ пайдо мегардад. Ҳуқуқи истифодаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо инчунин дар асоси банди 5 Тартиби мазкур пайдо мегардад.
10. Ҳуқуқи истифодаи аломати бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси аломатҳо ва ҳарфҳо бо барасмиятдарории шаҳодатномаи бақайдгирии нақлиёти автомобилӣ, тасдиқ карда мешавад.
11. Пардохти ҳуқуқи истифодаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо, мутобиқи Замимаи 2 хароҷотҳоро вобаста ба барасмиятдарории шаҳодатномаи бақайдгирӣ, дарбар намегирад.
12. Пардохти хироҷи давлатӣ барои бақайдгирӣ, азнавбақайдгирии нақлиёти автомобилӣ ва гирифтани аломатҳо бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби соҳибони нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегардад.

5. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ АЛОМАТҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ БО КОМБИНАТСИЯИ МАХСУСИ РАҚАМҲО ВА ҲАРФҲО

13. Ҳуқуқи истифодаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо дар ҳолати гузаштани муҳлати як сол аз лаҳзаи аз қайд баровардани нақлиёти автомобилӣ, ки ҳангоми бақайдгирии он аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо дода шудаанд, қатъ мегардад. Дар муҳлати зикршуда аломатҳои давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо дар воҳиди бақайдгирии имтиҳонотӣ нигоҳ дошта мешавад.
14. Соҳиби нақлиёти автомобилӣ ё шахсе, ки дар асоси ваколатномаи ӯ амал мекунад, ҳуқуқи даст кашидан аз истифодаи аломати давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳоро бо роҳи ба воҳиди бақайдгирӣ имтиҳонотӣ пешниҳод намудани ариза ва баргардонидани аломатҳои бақайдгирии давлатиро дорад.
15. Соҳиби нақлиёти автомобилӣ ё шахсе, ки дар асоси ваколатномаи ӯ амал мекунад, ҳангоми қатъ гаштани ҳуқуқи истифодаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо мутобиқи Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи гирифтани ҷуброни молиявиро барои аз даст додани ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани аломатҳои бақайдгирии давлатиро бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо, надорад.

6. ХУСУСИЯТҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ БО ИСТИФОДАБАРИИ АЛОМАТҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ БО КОМБИНАТСИЯИ МАХСУСИ РАҚАМҲО ВА ҲАРФҲО

16. Бақайдгирии нақлиёти автомобилӣ бо аризаи соҳиби он, ки ҳуқуқи истифодаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳоро дорад, бо тартиби умумӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
17. Истифода бурдани воситаи нақлиёти автомобилии дорои аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо, ки бо фармоиши фардӣ тайёр карда шудааст, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

18. Маблағҳои барои ҳуқуқи истифодаи аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо барои нақлиёти автомобилӣ пардохтшуда ба таври зерин тақсим карда мешаванд:
1) 80 фоиз ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ;
2) 20 фоиз ба суратҳисоби махсуси Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  

Замимаи 2
ба фармоиши Вазорати корҳои
дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «27» марти соли 2019, №200 б/з
тасдиқ карда шудааст.

Номгӯй ва андозаи пардохт барои ҳуқуқи интихоби аломатҳои бақайдгирии давлатӣ
бо комбинатсияи махсуси рақамҳо ва ҳарфҳо 

 

Комбинатсияи махсуси рақамҳо

бо комбинатсияи ҳарфҳои якхела

(бо нишондиҳанда аз рӯи ҳисобҳо)

бо комбинатсияи ҳарфҳои гуногун

(бо нишондиҳанда аз рӯи ҳисобҳо)

бо фарогирии як ҳарфи «О»

(бо нишондиҳанда аз рӯи ҳисобҳо)

 

0011, 0022, 0033, 0044, 0055,0066, 0077, 0088, 0099,

 

 

 

100

 

 

50

 

 

70

 

00 «ХХ»

 

            

35

 

 

20

 

 

35

 

0003, 0004, 0005, 0006, 0008, 0009, 0010,

 

 

200

 

 

170

 

 

180

 

0002, 0007, 5555, 4444

 

 

600

 

 

300

 

 

260

 

0100, 0101, 1000, 1111, 7000

 

 

800

 

 

500

 

 

600

 

0110, 1010, 1001

 

 

200

 

100

 

170

 

2000, 3000, 4000, 5000, 6000, 8000, 9000

 

 

400

 

 

150

 

 

300

 

 

 

2222, 3333,   6666, 9999

 

400

 

 

150

 

 

170

 

0200, 0300, 0400, 0500, 0600, 0700, 0800, 0900

 

 

140

 

 

60

 

 

120

1212, 1313, 1414, 1515, 1616, 1717, 1818, 1919,2002, 2121, 2323,2424, 2525, 2626, 2727, 2828, 2929, 3003,3131, 3232,3434, 3535,3636, 3737, 3838, 3939, 4004,4141,

4242, 4343, 4545, 4646, 4747, 4848, 4949, 5005,5151, 5252, 5353, 5454, 5656, 5757, 5858, 5959,6006, 6262, 6363, 6464, 6565, 6767, 6868, 6969, 7171, 7272, 7373,7474, 7575,

7676, 7878,7979, 8181, 8282, 8383, 8484, 8585, 8686, 8787, 8989, 9009,9191,9292, 9393, 9494,9595, 9696, 9797,

9898,

 

 

60

 

 

30

 

 

40

1300,1400,1500,1600,1700,1800, 1900,2100,2200,2300,

2400,2500,2600,2700,2800,2900, 3100, 3200, 3300,3400,

3500,3600,3700,3800,3900,4100,4200,4300, 4500,4600,

4700,4800,4900,5100, 5200,5300,5400,5600, 5700,5800,

5900, 6100,6200,6300,6400,6500,6600,6700,6800,6900,

7100, 7200, 7300,7400,7500,7600, 7800,7900,8100,8200,

8300, 8400, 8500, 8600,8700,8900,9100,9200,9300, 9400,

9500, 9600,9700, 9800,9900, 0220, 0330, 0440, 0550,0660, 0880, 0990, 4400,

 

60

 

20

 

60

 

1ХХ1, 2ХХ2, 3ХХ3, 4ХХ4, 5ХХ5, 6ХХ6, 7ХХ7, 8ХХ8, 9ХХ9

 

50

 

20

 

20

 

0030, 0040, 0050, 0060, 0070,0080, 0090, 0303, 0404, 0505, 0606, 0909, 0770, 3030, 6060, 7007, 8008,9090,

 

 

 

150

 

60

 

80

0020,0202,0707,0808,1100,1200,2020,4040,7070, 7700,

8080, 8800,5500,5050,6161,

 

150

 

60

 

100

 

Шахсони ҳуқуқӣ

 

 

003, 004, 005, 006, 008, 009, 200, 222, 333, 300, 400, 500, 600, 666, 900, 800, 999

 

 

50

 

20

 

40

 

002,010, 100, 111, 007, 444, 700, 555

 

 

60

 

40

 

 

50

 

 

 «ХХ» - комбинатсияи рақамҳо


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика