Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хизматрасонии пулакии СМИТ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нархномаи хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2018 таҳти №297б/з, бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуда, нархномаи нави хизматрасонии пулакии СМИТ аз 18 апрели соли 2019 тасдиқ карда шуда, аз 1 майи соли 2019 мавриди амал қарор дода шуд.

Мавриди қайд аст, ки хизматрасонии СМИТ нисбат ба нархномаи пештара арзон карда шудааст. 

Номгӯи хизматрасонӣ

Маблағ (бо сомонӣ)

 

Барои шаҳрвандон

1

     -дар давоми 10 рӯзи корӣ

20,00

-дар давоми 3 рӯзи корӣ

40,00

 

Барои муассисаву ташкилотҳои ғайридавлатӣ

2

     -дар давоми 10 рӯзи корӣ

45,00

-дар давоми 3 рӯзи корӣ

65,00

Эзоҳ: маблағҳои хизматрасонӣ барои иштирокчиёни ҶБВ, бартарафсозии оқибатҳои садамаи НБА ”Чернобил”, ҷанговарони ”Интернатсионалист”, нафақахӯрон, аъзои оилаҳои камбизоат, маъюбон, кормандон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағи хизматрасонии мазкур озод мебошанд. 

Пардохти хизматрасонии мазкур барои шаҳрвандони ноболиғ 50 фоиз аз маблағи муайянгардида муқаррар карда мешавад.
Хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотӣ ба вазорату идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон расонида мешавад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика