Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ВАТАНБИЗНЕС ё чаро падари Кабирӣ Тарас Булба нашуд?

Дар ҳар давру замон ба хоину хиёнаткор ҳам дӯст нафрат дораду ҳам душман. Дар маводи мазкур сухан дар бораи хиёнати аз ҳама бузург ва нобахшиданӣ - хиёнат ба Ватан-Модар меравад. Пеш аз оне, ки дар робита ба ин мавзуъ ҳарфе гуфта бошем, зарур аст, ба мафҳумҳое чун Ватан ва хиёнат тасаввуроти аниқ пайдо намоем.

327Ватан, диёр, меҳан, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст, маконе, ки хуни нофаш рехтааст, кишваре, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, оин ва урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад.
Хиёнат - бевафоӣ, аҳдшикан, амалест нобахшиданӣ. Ҷазои шахсе, ки бо ин амал даст мезанад, танҳо марг аст. Хиёнат ба Ватанро одатан душмани бадтар аз душман медонанд. Чунки душмани берун доим ба манфиати Ватани худ амал мекунад, хиёнаткор бошад, ба давлату миллати худ.
Нависанади бузурги рус О.Платанов дуруст қайд кардааст: «Сабабҳои даст задан ба хиёнату хиёнаткорӣ гуногун шуда метавонад. Аммо омили асосии хиёнат ба давлату миллат, ин ҳирсу ҳасодат, майлу рағбат ба пулу мол ва зиндагии пурҳаловат намудан мебошад».
Инсоне, ки даст ба хиёнат мезанад, пеш аз ҳама моҳияту ҷавҳари аслии одамияти худро ботинан аз даст медиҳад. Нависандаи машҳури рус Гогол дар повести худ «Тарас Булба» ҳисси баланди ватандӯстӣ ва оқибати хиёнат ба ватанро хеле моҳирона ба қалам додааст. Нависанда тавассути асари худ ба хонанда пастфитратии инсонро дар симои писари саркардаи казакҳо Тарас нишон додааст. Барои Тарас, ки саркардаи қавми худ буд, садоқат, вафодорӣ, дӯстӣ, ҷонфидоӣ барои Ватан муқаддастарин арзишҳо маҳсуб мешуд. Ӯ фарзандонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намуда, умед дошт, ки аз корнамоиҳои онҳо доим ифтихор менамояд, вале хиёнати фарзанди хурдияш дарди ҷонкоҳе буд барои падар. Андрей, фарзанди охирини Тарас ба духтари полякӣ, ки душмани ашадии казакҳо маҳсуб мешуд, ошиқ шуда, ба ҷониби онҳо мегузарад. Ӯ бо ин амалаш ба модар, зодгоҳ, меҳри падарӣ, бародарон хиёнат намуд. Падар бошад ин хиёнати фарзандро натавонист бахшад.
Таи саҳнаи таърихи миллӣ хиёнат ва хиёнатпешагӣ ба унвони мудҳиштарин ва хатарноктарин зуҳуроти иҷтимоӣ «ҷилва» намуда, бофтаҳои иҷтимоиро дар ҳар давру замон осебпазир сохта, раванди тассалути мафкура ва фарҳанги бегонаро ба таври тадриҷӣ таҳкиму тақвият бахшидааст. Хиёнате, ки алайҳи қаҳрамони таърихи миллӣ Спитамен, Муқаннаъ, Бобаки Хуррамдин, Абумуслими Хуросонӣ, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзодаи Сарбадор, Восеъ ва дигарон сурат гирифтааст, бештар аз ҷониби «худӣ»-ҳо ба амал омада, решаҳои зулму истибдод ва таарузу зӯриро дар минтақа амиқ карда, тасаллути бечунучарои гумоштагони аҷнабиро таъмин намудааст.
Тавре таҷриба ва навиштори бузургон нишон медиҳад, хоин кӯшиш мекунад, дар коллектив ҷои намоёну ифтихорӣ ва асосиро ишғол намояд. Дар асоси он худпарстӣ ҷойгир буда, яроқи он рақобати носолим мебошад, ки тавасути он ба сӯи ҳадафи худ кӯшиш мекунад.
Беш аз 10 сол аст, ки исми Муҳиддин Кабирӣ, собиқ раиси ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ дар расонаҳо пайдо мешавад. Соле пеш васоити ахбори омма аз ӯ қаҳрамон сохтанӣ мешуданд. Лофзаниҳои ӯро дар бораи беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, диққати ҷиддӣ додан барои ҳалли масоили иҷтимоии сокинон такрор ба такрор шунидаем. Ҳамаро насиҳат мекарду ба ҳама дарси ибрат меомӯзонид. Вале ҳодисаҳои чанд соли пешро пеши назар орем, шоҳид мегардем, ки на танҳо дар вуҷуди ӯ ватандӯстиву меҳанпарастӣ дида намешавад, балки ӯро як инсони манфиатҷӯву бепарво, ҳарзагӯ, ифротӣ ва хоин шинохтан мумкин аст. Шояд нафароне пайдо шаванд, ки ба ин суханони банда шакку шубҳа доранд ва ё гумон менамоянд, ки аз ҳасудиву бахилӣ нисбати ӯ чунин ҳарф мезанам. Вале биёед баргардем ба ҳодисаҳои моҳи майи соли 2012. Зеро маҳз ҳамон моҳ кӣ будан ва чеҳраи аслии Кабириро барои бисёриҳо нишон дод.
Маҳз дар моҳи май, ки модари Кабирӣ охирин нафасҳои худро мекашид, ӯ чун холабеғамҳо ба сафар баромад. Шояд инсонҳое, ки асли ин қазияро намедонанд, пурсиданӣ шаванд, ки магар собиқ роҳбари наҳзатиҳо барои зиёрати Хонаи Худо рафта буд, ки дар ҷанозаи модар иштирок карда натавонист? Мутаассифона, на ба зиёрати Хонаи Худо, балки ба Масква, барои иштирок ва суханронӣ намудан дар маркази «Корнегӣ» рафта буд. Кишварҳое, ки ҳушёрии сиёсиашон дар дараҷаи баланд қарор дорад, чунин хазинаҳою созмону ташкилотҳои «озодӣ»-иовару «демократия»-созро дар қаламрави худ ҳатто роҳ додан як тараф истад, онҳоро на сухан медиҳанду на суханашонро гӯш мекунанд.
Маҳз ҳамин ҳодиса ва ҳодисаҳое, ки солҳои минбаъда ба вуқӯъ пайвастанд, маро маҷбур сохт, ки аз ҳамин зовия рафтори Кабириро дар мизони ақли худ баркашаму баҳогузорӣ кунам. Ӯ дар он лаҳзаҳо қарзи фарзандии худро фаромӯш кард. Ҳамон лаҳзае, ки модари ранҷурро дар бистари беморӣ гузоштаву ҷомадони сафар бардошт, ба ёд наовард, ки якшаба ранҷи дар сари гавҳора кашидаи модарро ба хизмати як умра дар ду ҷаҳон наметавон ҷуброн кард. Ин қарзест, ки бо ҳама хизматпӯлиҳои карнегию соросу шайхҳои арабу охундҳои эронӣ ва дигарон наметавон онро баргардонид. Фаромӯш кард, ки модар умри ширини худро бо шабҳои бехобию рӯзҳои сахттарин иваз намуда, фарзандонашро дур аз озор ва бе мушкилоти рӯзгор ба воя расонидааст. Танҳо ба як умед ба умеде, ки фарзанд бузург шуда бар қадри шири сафедаш мерасад. Эҳтироми ранҷҳои кашидаашро пос медорад. Дар охирин нафасҳои ҳаёт дасти бемадорашро дар дасти худ гирифта, богармию нармӣ, меҳру муҳабат, дилсӯзию шафқати фарзандӣ дарди ҷонкоҳи танашро сабук мегардонад. Тобуташро дар миёни дӯсту душман сари китф бардошта, то манзили охираташ мебарад. Во дареғ, ки М.Кабирӣ ин тавр накарда буд. Модари азизашро, ки ӯро ҳаёт бахшидаву ба воя расонида, дасти дуо барои расиданаш ба қуллаҳои мурод бардошта буд, дар бистарӣ беморӣ гузошта ҷониби Маскав парид. Он замон модарро бо пулҳои «Карнеги» нафурӯхта буд. Мутмаинам фурӯхт, ҷанозаи модарро, меҳри модарро, иззату эҳтироми модарро тиҷорат намуд, ба иборае «бизнес» кард. Ҷанозаи модарро авлотар аз пули ночиз ва ваъдаҳои дуруғин донист. Тӯли ин солҳо, ки роҳбарии ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзатро бар душ дошт, на якбору дубор балки даҳо маротиба ватану миллат, имону инсоф, обурӯи эътиборашро фурӯхт. Агар чашми фарзанди Тарасро ишқу зебогӣ, нафосату назокати духтари поляк кӯр карда буду ғайр аз ӯ наметавонист дар бораи каси дигаре андеша кунад, пас чашмони Кабириро пулу мол, давлату сарват, ҷоҳу ҷалол кӯр намуд ва беихтиёр нангу номус, ватану миллати худро арзон фурӯхт.
Агар хоҳиши роҳбарӣ ба ин ҳизбро дошта бошӣ, агар хоҳиши пулу моли калон шуданро дорӣ, ҳатман бояд тиҷорат намоӣ. Тиҷорати хеле бузург бо нархи ночиз, тиҷорати меҳан, тиҷорати виҷдон, тиҷорати арвоҳи гузаштагони худ.
Агар ҳизби он ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ мебуд, агар дар он аризаҳои хоҷагону муллоҳои манфиатҷӯ намебуд, дар пушти ин кор ягон кишвари дигар намебуд, агар дар он хариду фурӯхтанҳо намебуд пас чаро дар замоне, ки Иттиҳоди шӯравии абарқудрат пойбарҷову яккаҳизбӣ, тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ буд, дар кадом тангкӯчаю паскӯча, пинҳонию ғайриқонунию ғайрирасмӣ ин ҳизбро таъсис доданд? Чаро аз аввал номашро ошкор накарданду наҳзати ҷавонон номаш ниҳоданд. Агар дар он фиреб набуд, чаро ҳамчун ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди ҷамоҳири шуравӣ таъсис ёфту баъд дарди сари миллати тоҷик шуд? Ин ва дигар суолҳое мебошад, ки ҷавобаш барои ҳамагон ошност. Тули солҳо саркардаҳои наҳзатӣ фурӯшанда буданду хоҷагони хориҷияшон харидор. Имрӯз ҳам Кабирӣ дар хориҷи кишвар нишаста арзишҳои миллии кишварро мефурӯшад. Маҳз натиҷаи ҳамин бозиҳои бозорӣ буд, ки бисёр аъзоёну роҳбарони ин ҳизби ифротӣ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини ба фаъолияти сиёсиашон омехтаю сӯйистифодашуда ва зидди сохти конститутсионии давлат равонашударо анҷом доданд. Аксари онҳо на аъзои қаторӣ, балки масъулону саркардагони наҳзат буданд, ки Кабирӣ онро ташкил, назорат ва раҳнамоӣ мекард.
Гирифтани 1,5 млн доллари амрикоӣ аз охунҳои эронӣ ба хотири анҷом додани табаддулоти давлатӣ, идомаи ҳамон тиҷоратҳои Кабирист, ки тавассути Ҳ.Назарзода мехост анҷом диҳад. Замоне, ки падараш Тилло Кабирӣ - падари Муҳиддин зинда буд, хиёнаткориҳои писараш вирди забони омма гашта буд ва пиру ҷавон дар бораи аъмоли зишти ӯ медонист. Мутмаъинан падари Кабирӣ аз хиёнатҳои писараш огоҳӣ дошт. Хуб дарк карда буд, ки барои пулу мол, боигарӣ ва давлату сарват, қиматтарин чиз ватани худро фурӯхтааст. Вале, ҳарфе ба забон наоварду насиҳате накард. Барои фарзанди хиёнатпешаи худ нагуфт, ки ватанфӯрушӣ аъмолест зишт, корест носавоб. Нафаҳмонд, ки фарзандам миллат хиёнатро фаромӯш намекунад. Куҷост он Тарас булбаи тоҷик, ки ба хотири меҳану миллат аз баҳри ватанбизнеси тоҷик М.Кабирӣ гузарад.
Баҳром Қодирӣ.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон»




Рӯйдодҳо

  • Вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи ....

    Дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба ....

    17.04.2021 10:33
  • Ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаи замин

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    17.04.2021 10:01
  • Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи автомашинаи “Тайота-Филдер”

    Рӯзи 16-уми апрели соли 2021, тахминан соати 00:00, ронандаи автомашинаи ....

    17.04.2021 09:59
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    16.04.2021 09:33
  • Ошкор гардидани ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    15.04.2021 10:41
  • Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бидуни гирифтани иҷозатнома

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи ....

    15.04.2021 10:39
  • Тарғиби илму донишомӯзӣ миёни донишҷӯён

    Дар чорабинии мақсадноке, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронида шуд, ....

    14.04.2021 15:49
  • Масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон дар маркази диққат

    Пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони ....

    14.04.2021 15:47
  • Хатлон: Сайқал додани донишҳои ҳуқуқии кормандзанони милитсия

    Кормандзанони милитсия дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи фарҳанг, ....

    14.04.2021 15:35
  • Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ....

    14.04.2021 09:14
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон барои таҳсил ба Ҷумҳурии Туркия

    Дар доираҳаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ....

    17.03.2021 16:38
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои ....

    02.03.2021 11:01
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    19-уми феврали соли 2021, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    18.02.2021 09:11
  • 

    Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

    Qonun

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика