Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вабои нав

Ягона омиле, ки боиси нигаҳдошт ва пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, сулҳу амнияти инсоният мебошад. Бани башар дар тӯли таърих ба бисёр ҷангҳо, хунрезиҳо, нооромиҳо ва бесарусомониҳо мувоҷеҳ гардидааст, вале онҳо иродаи инсонро барои ҳаёти хушбахтонаву оромӣ нашикаста, баръакс инсон бар зидди ҳама гуна мушкилоти глобалӣ муташаккилона истодагарӣ намудааст. Ҷаҳони имрӯза ва мардуми сайёраро задухӯрдҳои мусаллаҳона, амалиёти ҷангӣ, қатлу куштор дар сарзамини Ироқ, Сурия, Яман ва Афғонистон сахт ба ташвиш овардааст. Имрӯз ҳатто кӯдакону наврасон байни ҳам нидоҳои "Сурия... Сурия..." намуда, аз огоҳии худ аз ин "вабои аср" дарак медиҳанд. 

Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳҳои гуногуни бартараф ва барҳам задани ин мусибати ба вуҷудомадаро пешниҳод менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷустуҷӯи роҳу усулҳои пешгирии ин раванди хатарнок, ки шаҳрвандони онро низ ба гирдобаш кашидааст, доимо дар такопӯ қарор дорад. Дар ин самт, аз ҷониби мақомоти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ як қатор корҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, санаи 26-уми июли соли 2014 бо тасвиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Мувофиқи қонуни мазкур ба КҶ моддаи нав - моддаи 401 прим 1, яъне ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ворид карда шуд.
Ба ҷамъият хавфнокии кирдори мазкур дар он ифода меёбад, ки:
- Як гурӯҳ одамон бо тариқи киро, фанду фиреб, бо мақсади дарёфти "имтиёз", гумроҳшавӣ бо ваъдаҳои сохтани "ҷомеаи динӣ", "ҷомеаи афзалиятнок" ва барқарор намудани "адолати иҷтимоӣ" дигаронро барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ ҷалб менамоянд;
- Аз тарафи яке аз иштирокчиёни он иштирок мекунанд, ки худ шаҳрванди он давлат намебошанд. Онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда мебошанд;
- Онҳо аз ҷониби давлати Тоҷикистон барои иҷро намудани ӯҳдадориҳои расмӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо фиристода нашудаанд;
Мутобиқи талаботи моддаи 401 прим 1, КҶ, ҷиноят ва сазовори ҷазо на фақат кирдорҳои иштирокчиёни воҳиди мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ, балки кирдори ҷалбкунандагони он низ ба ҳисоб меравад.
Объекти ҷинояти мазкур - сулҳу амнияти инсоният мебошад. Кирдори мазкур ба ҳаёти осоишта, сулҳ ва амнияти башар дар рӯйи замин таҷовуз маҳсуб меёбад. Тарафи объективии таркиби ҷинояти дар моддаи мазкур нишондодашударо яке ё маҷмӯи ҳаракатҳои зерин ташкил медиҳад:
1.Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;
2. Ҷалби ғайриқонунии шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;
3. Иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;
4. Иштироки ғайриқонунии шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо.
Дар зери мафҳуми ҷалби ғайриқонунӣ ин гирифтани шаҳрвандон ва шахсони бешаҳрвандии доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда бо тариқи киро, фанду фиреб, пешниҳоди "имтиёз", гумроҳ намудани мардум бо ваъдаҳои сохтани "ҷомеаи динӣ", "ҷомеаи афзалиятнок", барқарор намудани "адолат" ва мубориза бо "душманони дину имон" дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо фаҳмида мешавад. Барои бандубаст намудани кирдори шахс барои ҷалби ғайриқонунӣ иштирок кардан ва ё хоҳиши иштирок доштани шахсони ҷалбшаванда дар чунин воҳид, задухӯрд ва ё амалиёт шарт нест. Кирдор аз лаҳзаи равон намудани таваҷҷӯҳи ҳатто як нафар шахс барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хотимаёфта ба ҳисоб меравад.
Ҷалбкунӣ метавонад аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ содир карда шавад. Таркиби ҷинояти мазкурро он кирдоре ташкил медиҳад, ки агар ҷалбкунанда танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро барои ин кирдор таҳрик кунад, на шаҳрванди хориҷиро.
Иштироки ғайриқонунӣ - ин сафар намудани шаҳрвандон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда ба ҳудуди дигар давлатҳо бо мақсади ширкати бевосита дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ, ҳамчунин иштироки фаъолона дар онҳо мебошад.
Ҳамчунин мафҳуми ҷалб ва иштироки ғайриқонунӣ дар ёрӣ расонидан ба шахсоне, ки дар ин сохтор, амалиёт ва задухӯрдҳо иштироки фаъолона доранд, фаҳмида мешавад. Ёрӣ расонидан дар шакли додани маълумот ба саркардагон ва ташкилкунандагони ҷиноят, омода намудани олоту воситаи ҷиноят, рафъи монеаҳо, пешниҳод ва муҳайё намудани ҷою макон барои гузаронидани вохӯриву сӯҳбатҳо барои ҷалбшавандагон, ҷалбшудагон ва иштирокчиёни воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ зоҳир мегардад.
Яке аз шартҳои асосии ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ агар шахс ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шахси бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда бошад, дар фарқият аз кирдори ҷалби ғайриқонунӣ ҳамин кирдор аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ содир гардад, таркиби ҷинояти мазкурро ташкил намедиҳад. Агар шахс шаҳрванди давлати хориҷӣ буда, дар як вақт шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (душаҳрвандӣ) набошад ва дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо иштирок намояд, кирдори ӯ бо моддаи 401 прим 1, КҶ бандубаст карда намешавад. Ҳамчунин, ин кирдор бояд дар ҳудуди дигар давлат содир гардад.
Моддаи мазкур танҳо аз як қисм иборат буда, ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷинояти мазкур ва аломатҳои бандубасткунандаи он пешбинӣ карда нашудааст.
Ҷинояти мазкур бо аломатҳои ҷалбкунӣ аз лаҳзаи ҷалб намудан ва бо аломатҳои иштирок намудан бошад, аз лаҳзаи ширкат варзидан дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хотимаёфта ба ҳисоб меравад. Фаро расидани оқибатҳои кирдор ҳатмӣ нест.
Субъекти ҷинояти мазкур шахси мукаллафи ҷисмонии ба синни 16-солагӣ расида шуда метавонад. Тарафи субъективии ҷиноят фақат дар шакли қасдона содир кардани кирдор зуҳур мекунад. Ангезаи ҷалб намудан ва ё иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо барои бандубасти ҷиноят аҳамият надорад.
Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи принсипи инсондӯстӣ санаи 18-уми марти соли 2015 ба моддаи 401 прим 1,-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловае дар шакли эзоҳ ворид намуд. Мувофиқи эзоҳи мазкур, шахсе ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. 

Мақсад аз қабули чунин илова ба моддаи мазкур дар он аст, ки бо ин роҳ шахсони гумроҳшуда ва фиребхӯрдае, ки ба ин роҳ рафтаанд, вале пас аз воқиф шудан аз ҳақиқати воқеӣ мехоҳанд пас гарданд ва аз содир намудани ҷиноят даст кашанд, барои бозгашт ба Ватан ва озодӣ даст ёбанд. Ҳарчанд онҳо мақсади содир намудани ҷинояти мазкурро дар нақша доштанд, барои омодагӣ ба содир намудани ҷиноят амалҳоеро (аз қабили гуфтушунид бо саркардагон ва ташкилкунандагони ҷиноят, харидани чиптаҳо барои сафар, омода намудани асбоби сафар ба истиснои ашёе, ки муомилоти он манъ карда шудааст) иҷро намудаанд, вале ихтиёран аз роҳи минбаъдаи содиршавии ҷиноят даст кашидаанд, қонун онҳоро мебахшад.
Дар эзоҳи моддаи мазкур шарти дигаре гузошта шудааст, ки он "то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ" мебошад. Дар сурате, ки агар шахс дар ин сохтору амалиётҳо иштироки худро пас аз қатъ шудани фаъолияти онҳо ва ё анҷоми онҳо қатъ кунад, ин шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда намешавад.
Эзоҳи моддаи мазкур ҳамчунин татбиқи озодкунӣ аз ҷавобгарии ҷиноятиро бо шарти дар кирдори шахс мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷинояти дигар имконпазир мешуморад. Дар сурати дар кирдори ин шахс мавҷуд будани аломатҳои таркиби дигар ҷиноят, аз ҷумла, куштор, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, тамаъҷӯӣ, сохтакорӣ ва ҳоказо шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда намешавад.
Ҳеҷ гоҳ шахси дорои ақли солим ҳамсару фарзанд, ёру диёр ва хешу табори худро ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта, марзу буми Ватанро тарк карда, ба кадом як ҷанги бемаъние намеравад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон як замоне шоҳиди ҳамин гуна нооромиҳое гардида буданд, ки қисмати зиёди иштирокчиёни онро гумроҳшудагоне, ки бо "фатво"-и ду-се "тақводори бузург" ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буданд, ташкил медоданд. Ҳамон вақт низ мавъизаҳои "ҷиҳод", "шаҳид ва дохили ҷаннат шудан", "нест намудани кофирон" ва монанди он аз даҳони "рӯҳониёни барҷаста" зиёд ба гӯш мерасид, ки ҷавонони зиёди гумроҳро "гипноз" намуда, ба бародаркушӣ раҳсипор менамуд. Аксарияти сокинони ҷумҳурӣ аз ин дарси таърих сабақ гирифта, ин гуна амалу кирдори ҷинояткорона ва зуҳуроти номатлубро маҳкум менамоянд.
Эраҷ Каримов, сардори шуъбаи ҳуқуқии Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, подполковники милитсия 


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • Ошкор шудани ҷинояти одамкушӣ

    Рӯзи 2-юми апрели соли 2020, тахминан соати 20:20-дақиқа, ноболиғ, писарбачаи ....

    04.04.2020 10:46
  • Дуздии маблағҳои пулӣ аз дохили сандуқи оҳанин

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи ....

    04.04.2020 10:41
  • Рух додани се ҳодисаи нақлиётии марговар дар минтақаҳои гуногуни кишвар

    Рӯзи 3-юми апрели соли 2020, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи ....

    04.04.2020 10:39
  • Саҳмгузорӣ дар ободии диёр

    Масъулини мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин ....

    04.04.2020 09:27
  • Дастгир гардидани ҷавонзани 22-сола бо гумони даллагӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани ....

    03.04.2020 09:02
  • Қаноатмандӣ аз шароити таҳсил дар Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ

    Дар доираи нақшаи корӣ оид ба гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда дар ....

    02.04.2020 10:16
  • Ошкор шудани якчанд ҳолати қаллобӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    02.04.2020 10:09
  • Ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона аз ҷониби зани 35-сола

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-солаи ....

    02.04.2020 10:05
  • Ошкор шудани ҳолатҳои дуздӣ дар шаҳрҳои Панҷакент ва Ҳисор

    Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент бо ариза марди 60-солаи сокини ....

    01.04.2020 11:55
  • Раддия ба хабари беасос

    Сомонаи интернетии «АхборКом» санаи 30-юми март таҳти сарлавҳаи «Худкушии хонандаи ....

    31.03.2020 12:02
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Бонувони азиз! Озмуни «Авто-Бону-2020», ки бояд санаи 7-уми марти соли ....

    05.03.2020 10:05
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    04.03.2020 15:08
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика