Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Соҳибкасб гардидани сарбозону наваскарон баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ

288

Ҷиҳати соҳибкасб гардидани сарбозон дар қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо ҷалби намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пайваста курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ роҳандозӣ мегардад. 

Дар чорабинии навбатие, ки рӯзи 11 декабр дар қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом баргузор гардид, ба як қатор сарбозон шаҳодатномаи махсуси тахассусӣ тақдим карда шуд. Сарбозону наваскарон баъди хатми курсҳои махсуси ҳунарҳои ошпазӣ, сартарошӣ, сохтмончӣ, соҳаи кандакорӣ, дуредгарӣ, таъмиргарони муҳаррикҳои нақлиётҳо ва кафшергарӣ бо қаноату хушҳолӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ Умарзода И. зимни суханронӣ чунин изҳор дошт: “Ҷавонон имрӯз набояд фаромӯш созанд, ки хизмати ҳарбӣ қарзи виҷдон ва ҳимояи Модар-Ватан буда, ҷиҳати ба камол расидани шахс ва ба танумандию соҳибкасб шудани ҷавонон мусоидат мекунад”.
Зикр гардид, ки мақсади ба роҳ мондани курсҳои махсуси омузишӣ дар баробари соҳибкасб намудани насли ҷавон ва аз худ кардани ҳунарҳои асили миллӣ бо ҷалби устоҳои моҳир, ҳамчунин дар замири онҳо бедор намудани худшиносии миллӣ мебошад.

656657658

289290

Мавриди зикр аст, ки омӯзиши чунин курсҳои тахассусӣ дар дигар қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ низ бо маром идома дорад.

Эҳсон Абдуллозода




Рӯйдодҳо

  • ҒОРАТГАРӢ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ 16-солаи ....

    11.07.2020 09:41
  • Хатлон: Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – пешгирӣ аз сироятёбист

    Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID-19 ....

    10.07.2020 16:15
  • Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани  ....

    10.07.2020 10:10
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.07.2020 10:07
  • Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии ....

    Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии ....

    10.07.2020 10:05
  • Хатлон: Милитсия - наҷотбахшу ҳомии ҳалқу миллат

    Ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ....

    10.07.2020 10:04
  • Пешвозгирии меҳмонон дар минтақаи сайёҳии «Camping Village» дар ноҳияи Айнӣ

    Ҷихати дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    10.07.2020 10:04
  • Одамкушӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    09.07.2020 14:22
  • Бо корд захми гардидани падару писар дар заминаи муноқиша

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи ....

    09.07.2020 14:20
  • Боздошти марди 37-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 43-солаи сокини ....

    09.07.2020 14:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика