Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ғолибони мусобиқаҳои футболи хурд миёни корхонаю идораҳо

564

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бахшида ба таҷлили иди касбии «Рӯзи милитсияи Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ шурӯъ аз 25-уми октябри соли равон мусобиқаи кушоди даставӣ аз намуди футболи хурд миёни дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ-2019», таҳти шиори «Милитсия-ҳомии ҷомеа!» оғоз ёфта, то инҷониб идома дошт.

Рӯзи 9-уми декабри соли 2019, даври ниҳоии мусобиқаи мазкур байни ҷавонон дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои тамошои бозиҳои ҳалкунанда мухлисони зиёд, алалхусус ҷавонону донишҷӯён барои ҳаводории дастаи худ ҷамъ омада буданд.
Нахуст, барои ишғоли ҷойи сеюми мусобиқа дастаҳои «Вавилон» ва Ҳукумати шаҳри Душанбе ба майдон баромаданд. Бозӣ хеле рақобатнок ва бо лаҳзаҳои тӯбзании зиёд ҷараён ёфт. Дар натиҷа, бо ҳисоби 6:3 дастаи футболбозони «Вавилон» дастболо гардида, мақоми сеюми мусобиқароро соҳиб гаштанд. Бозии даври ниҳоии миёни дастаҳои «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» ва «Рахш Такси» низ хеле ҷолибу шавқовар гузашт, бозингарони ҳар ду дастаҳо маҳорати хуб нишон медоданд. Аммо, ҳуҷумҳои пайдарпайи дастаи «Рахш Такси» нишон доданд, ки футболбозони ин даста нисбатан омодатару таҷрибадор буданд. Ҳисоб дар ин бозӣ 4:1 ба фоидаи дастаи «Рахш Такси» анҷом ёфта, ғолиби мусобиқаро муайян сохт.
Ҳамин тариқ, дастаи «Рахш Такси» ҷойи аввалро ба даст оварда, соҳиби Ҷому дипломи мусобиқа гардид. Дастаи «Донишгоҳи техникии Тоҷикистон» бошад, дар зинаи дуюм қарор гирифт.

565566567568

Бояд қайд намуд, ки чанде қабл ғолибони мусобиқаи байни дастаҳои кормандони собиқадор низ муайян гардида буданд. Дар ин сабқат, дастаи «Испечак» ҷойи якум, «Вавилон» мақоми дуюм ва «Дастгоҳи марказӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ зинаи сеюмро ишғол намуда буданд. 

Аз натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи футболбозӣ, тӯбзанӣ ва саҳми бозингарон дар ҷолибияти мусобиқаҳо, ҳамчунин варзишгарони беҳтарин муайян карда шуданд. Дар мусобиқаи байни ҷавонон: дарвозабони беҳтарин Азимҷон Азамати Саидзода аз дастаи «Рахш Такси», муҳофизатгари беҳтарин Некрӯз Камолов («Ҳукумати шаҳри Душанбе»), ҳамлагари беҳтарин Фирдавс Неъматов («Донишгоҳи техникии Тоҷикистон»), бозингари беҳтарин Орзу Додхудоев («Рахш Такси»), нишонзани беҳтарин Хуршед Маҳмудов («Вавилон») ва довари беҳтарин Сафаралӣ Маҳмадизода аз ноҳияи Данғара дониста шуданд.
Дар мусобиқаи байни кормандони собиқадор бо тартиби зерин: дарвозабони беҳтарин Умар Раҳимов аз дастаи «Дастгоҳи марказӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ, муҳофизатгари беҳтарин Фаридун Файзуллоев («Вавилон»), ҳамлагари беҳтарин Қурбон Ҳоҷиев («Испечак»), бозингари беҳтарин Шуҷоат Неъматов («Дастгоҳи марказӣ»-и ВКД), нишонзани беҳтарин Фирдавс Файзуллоев («Вавилон») ва довари беҳтарин Ҳамза Пиров аз ноҳияи Шаҳринав эълон гардиданд.

569

Ба дастаҳои ғолиби мусобиқаи ҳам ҷавонон ва ҳам собиқадорон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар маросими тантанавӣ Ҷому диплом, медалу Ифтихорономаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Мукофотҳоро ба ғолибону ҷоизадорон муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Одиназода Ҳайдар Одина, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо Мирзохон ва дигар шахсони расмӣ супориданд.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқаҳои футболи хурд муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода баромад намуда, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба иштирокчиёни мусобиқа барои дар сатҳи баланд доир гардидани мусобиқаи варзишӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки мусобиқаи навбатӣ бешак ба рушди варзиш ва тарғиби ҳаёти солим, таҳкими робитаҳои дӯстию рафиқӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон, дар пешгирии ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб равона шуда, бори дигар исбот гардид, ки намояндагони касбу кори гуногуни корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ тавассути варзиш ва бозиҳои варзишӣ метавонанд сарҷамъ шуда, дар рисолати қосиди сулҳ будани варзиш ва якдилию муттаҳидӣ дар кишвар саҳми худро гузоранд. Боварӣ аст, чунин мусобиқаҳои варзишӣ минбаъд низ ҳамчун анъанаи хуб идома хоҳанд ёфт.
Хисрав Солиҳов, подполковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • 08.08.2020 11:08
  • Қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи ....

    08.08.2020 10:49
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 38-солаи сокини ....

    08.08.2020 10:48
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳритус

    Санаи 6-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 19:50 дақиқа, ронандаи ....

    08.08.2020 10:47
  • Ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият меёбад

    Имрӯз дар раванди амалишавии барномаҳои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои ....

    08.08.2020 10:45
  • Садамаи нақлиётии марговар

    7-уми августи соли 2020, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    07.08.2020 10:12
  • Аз ҳиссиёти рашк ба ҳалокат расонидани ҳамсар

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    07.08.2020 10:09
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби ҷавони 21-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    07.08.2020 10:04
  • Ошкор шудани кирдори ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ....

    07.08.2020 10:01
  • Амалиёти муоинаи техникӣ дар ВМКБ

    Ҳамасола бо супориши роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ....

    07.08.2020 09:25
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика