Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД

350

Имрӯз (05.12.с.2019), бахшида ба муносибати рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарияти Вазорат, масъулини ҷузъу томҳои мақомот ва ҳайати шахсии Раёсати Воҳидҳои таъиноти махсус ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, сухан аз далерию ҷоннисории хизматчиёни воҳидҳои мазкур дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар рафт.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кулли афсарон ва хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки кормандони ин ниҳод аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз ба савганди худ содиқ буда, дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятпеша пешсаф мебошанд.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Воҳидҳои таъиноти махсус ёдовар шуда, зикр карда шуд, ки бо тақозои замон дар зарфи беш аз 28 соли соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ҷузъу томҳои гуногун таъсис ёфтаанд. Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД низ аз зумраи ҳамин гуна ҷузъҳои мақомоти корҳои дохилианд, ки зодаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд.

351352353357

Имрӯз ба ҷуз аз пойтахт, ҳамчунин ҷузъҳои Воҳидҳои таъиноти махсус дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт самаранок фаъолият мебаранд, ки ҳамаи онҳо бо тамоми шароити мусоиди хизмат ва техникаву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Барои машқгузаронӣ ва такмили ихтисосу маҳорати ҳайати шахсии ин ҷузъи муҳими мақомоти корҳои дохилӣ бошад, дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва минтақаи Рашт машқгоҳу марказҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, ки бо тамоми шароити лозимӣ муҳайё мебошанд.
Воҳидҳои таъиноти махсус яке аз ҷузъҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти он дар асоси Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи кишвар ва амру фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ монда шудааст. Ба зиммаи воҳидҳои мазкур дар шароити душвори замони муосир вазифаҳои басо вазнину сангин ва дар баробари ин, хеле масъулиятнок, аз қабили мубориза бо тамоми зуҳуроти терроризму экстремизм, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноятӣ ва доир намудани амалиётҳои махсус меистанд.
Тавре қайд гардид, Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД вобаста ба тақозои замон, тадриҷан бо шароитҳои мусоиди хизмат, биноҳои маъмурӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, сарулибос, таҷҳизоту техникаи автомобилӣ ва зиреҳпӯш, силоҳу лавозимоти ҳозиразамони ҷангӣ, толорҳои варзишӣ, машқгоҳҳои махсуси муҷаҳҳаз бо тамоми ҷиҳози лозимӣ дар ҳудуди шаҳр ва машқгоҳҳои саҳроии кӯҳӣ пурра таъмин мебошанд.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсус бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

354355356

Дар хотимаи ҷамъомади тантанавӣ баҳри болидахотирии хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД барномаи консертӣ бо иштироки ансамбли созӣ-овозии «Сипар» доир гардид, ки бо сурудҳои ватандӯстона ба ҳозирин ғизои маънавӣ бахшиданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • 08.08.2020 11:08
  • Қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи ....

    08.08.2020 10:49
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 38-солаи сокини ....

    08.08.2020 10:48
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳритус

    Санаи 6-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 19:50 дақиқа, ронандаи ....

    08.08.2020 10:47
  • Ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият меёбад

    Имрӯз дар раванди амалишавии барномаҳои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои ....

    08.08.2020 10:45
  • Садамаи нақлиётии марговар

    7-уми августи соли 2020, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи ....

    07.08.2020 10:12
  • Аз ҳиссиёти рашк ба ҳалокат расонидани ҳамсар

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    07.08.2020 10:09
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби ҷавони 21-сола

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    07.08.2020 10:04
  • Ошкор шудани кирдори ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ....

    07.08.2020 10:01
  • Амалиёти муоинаи техникӣ дар ВМКБ

    Ҳамасола бо супориши роҳбарияти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ ....

    07.08.2020 09:25
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика