Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо фаъолони ноҳияи Рашт

214

Имрӯз (18.10.2019), дар доираи сафари хизматӣ ба ноҳияи Рашт ва баргузории ҷаласаи сайёр оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми нуҳ моҳи соли 2019, вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо фаъолон ва сокинони минтақаи Рашт баргузор гардид.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ оид ба пешрафту тараққиёти минтақаи Рашт дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва хоҷагии халқ, корҳои ободонию созандагӣ, инчунин ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Рашт аз дастгирию ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи рузафзуни Сарвари Давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.

257255

Дар хотимаи вохӯрӣ консерт бо иштироки ансамбли "Сипар"-и Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҳунармандон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика