Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи коршиносони политсия дар шаҳри Вена

 viber_2019-09-25_13-46-33

Аз 23 то 25-уми сентябри соли равон ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ бо роҳбарии Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода И.И. дар пойтахти Ҷумҳурии Австрия, шаҳри Вена дар ҷаласаи коршиносони политсияи 57 давлати аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ» баргузор гардид, ширкат варзиданд.

 viber_2019-09-25_13-45-55

Дар ҳошияи чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ як қатор вохӯриҳои судманд бо шарикони иҷтимоӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, дар нимаи аввали рӯз бо мақсади ҷалби маблағгузории донорӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон бо намояндагони Норвегия, Шветсария, Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо ва Россия вохӯриҳо баргузор гардиданд.

 viber_2019-09-25_13-46-22

Ҳамзамон қобили зикр аст, бо мақсади муаррифӣ намудани раванди ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, дастовардҳо ва дурнамои он, инчунин 9 лоиҳаи ҷалби маблағгузории омодагардида, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар бинои Хофбурги шаҳри Венаи Австрия санаи 23-юми сентябри соли равон конфронси канорӣ ташкил карда шуд, ки дар он сафирон ва намояндагони сафоратхонаҳои 39 давлати дунё ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкур зери модератории ҷаноб Ги Винет - иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози фаъолияти САҲА дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои фаромиллӣ баргузор гардид.

 viber_2019-09-25_13-46-49

Дар конфронс муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода И.И. вобаста ба ҳадаф, самтҳо ва мушкилоти ислоҳоти милитсия ва Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милистия Шодмонзода Ф.А. дар ҷодаи дастовардҳо ва дурнамои ислоҳот баромадҳо намуданд.

 viber_2019-09-25_13-45-27 viber_2019-09-25_13-47-46Шодмонзода Ф.А. дар маърузаи худ ҳадаф, мақсадҳои ниҳоӣ, натиҷа ва буҷаи 9 лоиҳаи омодагардидаро ба маърази иштирокчиён муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби Сафири Федератсияи Россия, Франсия ва инчунин намояндагони Норвегияю Шветсария ва Иттиҳоди Аврупо хуш пазируфта шуданд.  

 viber_2019-09-25_13-46-00

Бояд қайд кард, ки нисбат ба дастовардҳо ва дурнамои ислоҳоти милитсия аз ҷониби шарикони иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, вобаста ба ҷолибияти лоиҳаҳо ибрози ақида намуданд.

Ҳамин тариқ санаи 24-уми сентябр ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ бо сафирони Франсия, ИМА ва роҳбарияти Сектератиати (Котиботи) САҲА вохӯриҳои дуҷониби ташкил ва баргузор намуд.

Имрӯз, санаи 25-уми сентябри соли ҷорӣ вохӯрии ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор сафирони кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Шветсия дар назар дошта шудааст.

 

 

 

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика