Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон

244

Имрӯз (16.09.с.2019), дар ҳошияи ҷаласаи ҳамоҳангсозии гурӯҳи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковники милитсия Тошпулатов Азиз Анварович вохӯрӣ намуд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, зикр кард, ки итминон дорам ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар боз ҳам тақвият ёфта, дар пешрафти самти фаъолият ва осоиштагии мардуми ин ду давлати ба ҳам дӯст нақши созгор хоҳад гузошт.
Зимни вохӯрии баргузоргардида ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманди мақомотҳои корҳои дохилӣ, муборизаи дастаҷамъона бурдан бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, тероризму экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар, мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, мубодилаи иттилоот, мусоидат намудан дар дастгиркунии ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, ҳамчунин барои боз ҳам ҷоннок ва қавитар гардонидани фаъолияти ҳамоҳангсозии гурӯҳи кории Вазоратҳои корҳои дохилии ду давлати ба ҳам дӯст ибрози андеша намуданд.

245

Аз вохӯрии доиргардида ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ карда, зикр намуданд, ки дар оянда низ муносибатҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам қавитар хоҳад шуд.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика