Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии роҳбарияти ВКД бо диаспораҳои тоҷик

239

Имрӯз (13.09.с.2019), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарон ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия, ки ҷиҳати иштирок дар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими кушодашавии агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» даъват шуда буданд, вохӯрӣ доир намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ва суҳбати дустона Вазири корҳои дохилӣ сараввал меҳмононро ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» табрик гуфта, ба онҳо бурдборӣ ва пешрафти рӯзгорро таманно намуд.
Дар навбати худ меҳмонон аз даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин чорабинии таърихӣ ва дастгирию ғамхориҳои давлату Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки пайваста бо ниҳодҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ қарор доранд ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

240241

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳамкориҳои судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ як қатор намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия бо медалҳои «Барои ҳамкорӣ» ва Ифтихорномаҳои фахрӣ мукофотонида шуданд.

Абдулмуъмин Зайниддинзода, Ҷамилов Манучеҳр.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика