Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи идона бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ВКД

472

Имрӯз (08.09.2019), бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати дастрасии кормандони милитсия ба маҳсулоти озуқавории нисбат ба бозор арзон дар таваққуфгоҳи ВКД ярмарка-фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил карда шуд.
Дар ин ярмарка маҳсулотҳои ниёзи аввал равған, тухм, макарон, навъҳои гуногуни ширинию мевагӣ ва полезию сабзавот аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, карам, қаланфури булғорӣ, помидор, боимҷон, тарбузу харбуза ва дигар маҳсулоти хӯрока ба фурӯш гузошта шуда, бо сифати хуб ва нархи он нисбат ба бозор аз 30 то 50% арзон буд.

473474

Ҳамчунин аз ҷониби хоҷагиҳои ёрирасон каду, карам, ангур ва як қатор маҳсулотҳо ройгон ба мизоҷон дода шуд.
Ташкили чунин ярмаркаҳо дар арафаи ҳама гуна ҷашнҳо дар ВКД ба ҳукми анъана даромадааст.
Ҳакимҷон Назарзода,
Муродалӣ Саидзода


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика