Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

451

Бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, оромиву осоиштагӣ ва суботу ҳамдилии шаҳрвандон, имрӯзҳо бахшида ба 28-солагии Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. 

Дар партави сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 7-уми сентябри соли 2019 дар кӯчаи Юсуф Вафои ноҳияи Синои пойтахт майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар рафти ифтитоҳи майдончаи мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ва роҳбарияти Ҳукумати шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом сокинони кӯчаи мазкурро барои соҳиби чунин майдончаи варзишии замонавӣ гардидан табрику муборакбод намуда, изҳор дошт, ки сокинонро мебояд, дар ҷавоб ба ғамхории давлату Ҳукумат ба қадри ин ҳама ободию зебогии пойтахти азизамон расанд ва фарзандони худро дар роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбият намоянд.

452453454455

Дар хотимаи чорабинӣ сокинон низ барои сохта ба истифода додани чунин як майдочаи варзишӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат арзи сипос намуданд.
Ҳакимҷон Назарзода, Муродалӣ Саидзода


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика