Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо Фармони Пешвои миллат Иброҳимов Фаррух пас аз марг бо медали "Ҷасорат" қадрдонӣ карда шуд

230

231Имрӯз (06.09.2019), дар Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини командири баталиён оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ Иброҳимов Фаррух Фурқатович, ки рӯзи 8 августи соли 2019 зимни хомӯш намудани сӯхтор ҳангоми наҷот додани кӯдакон дар кӯчаи Ҳавзи Баланди шаҳри Конибодом қаҳрамонона ҳалок гардид, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ медали "Ҷасорат" қадрдонӣ карда шуд.
Тӯҳфаро аз номи Пешвои миллат Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ ба падараш супорид.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика