Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии бошукӯҳ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

223

Бисту ҳашт сол  муқаддам дар ҳаёти иҷтимоии мардуми Тоҷикистон гардиши куллии таърихие ба вуҷуд омад.  Яъне 9-уми сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр гардид. Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии идона доир карда шуд. 

Ҳама ин иду хурсандӣ ва фараҳу шодкомие, ки имрӯзҳо дар чеҳраи ҳар фарди ҷомеаи мо ҳувайдо аст аз файзи истиқлолият аст, ки бо хираду фарҳанги воло ва идроки сулҳофарии мардуми шарафманди тоҷик ба даст омадааст. 

224

Кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар низ бо мақсади ҳимояи ин дастоварди бузург ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ба савганди хизматии хеш содиқ монда, софдилонаву содиқона вазифаву қарзи муқаддаси  шаҳрвандиро иҷро намудаистоданд. 

Дар ВКД бахшида ба ин санаи фархунда чорабинии идона доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи ДИП ҶТ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд. Саравал роҳбарияти ВКД аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар гардида, ҳайати шахсии  Мақомоти корҳои  дохилиро ба хизмати содиқона ва ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ҳидоят намуд. ҳамзамон иштирокдоронро ба ин санаи тарихӣ муборакбод кард.

225226230238227228236229232233234235

Дар рафти чорабинӣ як қатор кормандони ВКД бо рутбаҳои навбатии полковники милитсия  нишону медалҳои сарисинагӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда,  барномаи консертии соҳавӣ ва идона хотимабахши чорабинии мазкур гардид.  

Абдулмуъмин ЗАЙНИДДИНЗОДА,

Муродалӣ Саидзода 

Чорабинии бошукӯҳ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бисту ҳашт сол  муқаддам дар ҳаёти иҷтимоии мардуми Тоҷикистон гардиши куллии таърихие ба вуҷуд омадЯъне 9-уми сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр гардид. Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии идона доир карда шуд.

Ҳама ин иду хурсандӣ ва фараҳу шодкомие, ки имрӯзҳо дар чеҳраи ҳар фарди ҷомеаи мо ҳувайдо аст аз файзи истиқлолият аст, ки бо хираду фарҳанги воло ва идроки сулҳофарии мардуми шарафманди тоҷик ба даст омадааст.

Кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар низ бо мақсади ҳимояи ин дастоварди бузург ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ба савганди хизматии хеш содиқ монда, софдилонаву содиқона вазифаву қарзи муқаддаси  шаҳрвандиро иҷро намудаистоданд.

Дар ВКД бахшида ба ин санаи фархунда чорабинии идона доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи ДИП ҶТ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд. Саравал роҳбарияти ВКД аз дастовардҳои замони истиқлолият ёдовар гардида, ҳайати шахсии  Мақомоти корҳои  дохилиро ба хизмати содиқона ва ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ҳидоят намуд. ҳамзамон иштирокдоронро ба ин санаи тарихӣ муборакбод кард.

Дар рафти чорабинӣ як қатор кормандони ВКД бо рутбаҳои навбатии полковники милитсия  нишону медалҳои сарисинагӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда,  барномаи консертии соҳавӣ ва идона хотимабахши чорабинии мазкур гардид. 

 

Абдулмуъмин ЗАЙНИДДИНЗОДА,

Муродалӣ Саидзода 

Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика