Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Дармонгоҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД

183

Рӯзи 17-уми августи соли 2019 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони як қатор раёсатҳо, хадамотҳо, ҷузъу томҳо ва ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ ва Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб бинои нави Дармонгоҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ба истифода дода шуд.

Вазири корҳои дохилӣ дар оғози чорабинӣ сараввал дар назди санги хотираи корманди Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ капитан Фаррух Иброҳимов гулчанбар гузошта, баъдан аз бинои нави Дармонгоҳи мазкур дидан намуд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз сохт ва таъмири бино, шуъбаҳои қабули беморон, шуъбаи бемориҳои сироятӣ, шуъбаи бемориҳои дарунӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои беморон, доругузаронӣ, дандонпизишкӣ, барқароркунӣ, ташхисӣ, озмоишгоҳ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, китобхона ва дигар бахшҳои Дармонгоҳ шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармими он баҳои баланд дод. Ҳамчунин, аз аҳволи сарбозони бо табобат фаро гирифташуда ҳамсуҳбат гардида, аз саломатӣ, хизматрасонии табибон ва шароити табобат пурсон шуда, ба онҳо шифои комил таманно намуд.

184185

186

Бояд қайд, ки Дармонгоҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД дорои ҳуҷраҳои васеъу барҳаво, муҳайё бо тамоми шароити иҷтимоӣ ва табобатӣ буда, масъулини он метавонанд дар як вақт ба 65 то 70 нафар хизмат расонида ва табобат намоянд.

Дар суханронии худ Рамазон Раҳимзода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан дуруст қайд намудаанд, ки «Саломатии миллат боигарии давлат аст!».
Соҳаи тандурустӣ, умуман ҳифзи сиҳатии омма, таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат қарор дошта, имрӯз ҳамаи муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тиб бамаротиб рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Номбурда дар идома қайд намуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини беҳдошти саломатии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, мақомот имрӯз дорои инфрасохтори табобатию солимгардонии муосир мебошад. 
Айни ҳол дар ихтиёри Вазорат 5 муассисаи тиббӣ ва 2 осоишгоҳ қарор дорад, ки иқтидори дар як вақт бо табобат фаро гирифтани 173 нафар бемор ва бо фароғату табобат фаро гирифтани 230 нафар кормандони мақомоту аъзои оилаи онҳоро доранд. 
- Имрӯз афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилии ВКД бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд, - афзуд Вазир.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо, корнамоии капитан Фаррух Иброҳимов, муовини командир оид ба қисми техникӣ ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502 мебошад, ки рӯзи 8 августи соли 2019 ҳангоми сӯхтор дар кӯчаи Ҳавзи Баланди шаҳри Конибодом зимни хомӯш намудани оташ ва наҷоти кӯдакон қаҳрамонона ҳалок гардид.

187188189190

Бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ ба капитан Иброҳимов Фаррух Фурқатович, муовини командир оид ба қисми техникӣ ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502 барои намунаи олии сифатҳои инсонию афсариро нишон додан, нисбати бадбахтии ҳамсоягонаш бетараф намондан, барои наҷоти одамону амволи онҳо ҳаёти худро зери хатар мондан, ҳамчун қаҳрамон пас аз марг рутбаи «подполковники хизмати дохилӣ» дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки бинои Дармонгоҳ аз 11 ҳуҷраи беморон, 9 утоқи корӣ, 1 толори ҷарроҳӣ ва ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, 1 ҳуҷраи захмбандӣ, 3 ҳуҷраи доругузаронӣ, 1 дорухона, 1 ҳуҷраи тамизгардонӣ, ошхона, ҳаммом ва дигар ҳуҷраҳои таъиноти ёрирасон иборат мебошад.
Дар фарҷоми суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ кормандони Раёсати тиббӣ ва дар шахсияти онҳо ҳамаи кормандони тиббии мақомоти корҳои дохилиро бахшида ба иди касбиашон самимона табрику муборакбод намуда, дар кору зиндагиашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар идомаи чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор кормандони Раёсати тиббӣ ва Дармонгоҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилиро бо Сипоснома, Раҳматнома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.
Ҳамчунин, имрӯз Вазири корҳои дохилӣ дар варзишгоҳи қисми низомии 3502 ба мусобиқи кушоди шахсӣ-даставӣ байни қисму воҳидҳои Қӯшунҳои дохилии ВКД бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида, афзуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳои дастаҷамъонаи варзишӣ, на танҳо ба саломатии ҷисмониву рӯҳии инсон манфиатовар аст, балки ҳамаи моро, бахусус ҷавононро бо ҳам дӯст, тифоқ ва муттаҳид месозад ва ба дастаҳои иштирокчии мусобиқа муваффақият хост.

191192193194195196

Инчунин, Роҳбари аввали ВКД аз дукони дӯзандагии қисми низомии 3502 дидан намуда, ба маҳсулоти баровардаи ин дукони дӯзандагӣ, яъне либосҳои низомии барои афсарону сарбозон дӯхташуда ва сифати онҳо баҳои баланд дод.

Раҷаббек Илёсов

Саидзода Муродали


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика