Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз хоҷагиҳои ёрирасон

177

Имрӯз (15.08.2019с.) Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хоҷагиҳои ёрирасони ВКД ташриф овард. Зимни боздид зикр гардид, ки маҳсулоти полезӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, карам ва дигар навъҳои он, ки аз заминҳои хоҷагӣ ёрирасон кишт ва ҷамъоварӣ карда шудаанд, барои зимистонгузаронии сарбозони қисмҳои низомӣ дар шароити мусоид захира карда шаванд.

178179180

Илова бар ин қайд карда шуд, ки маҳз бо ташаббуси хирадмандона ва таваҷҷӯҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сарбозони қисмҳои низомӣ бо маҳсулоти хӯроквории тару тоза тӯли чанд сол мешавад, ки дар заминҳои барои хоҷагии ёрирасон ҷудогардида, ҳосили назаррас ба даст оварда шуда, барои сарбозон шароити хуби хизматбарӣ фароҳам оварда шудааст.
Эҳсон Абдуллозода


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика