Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум дар ВКД

445

Бо фарорасии ҳама гуна ҷашну чорабиниҳои идона бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ярмаркаи молу маҳсулоти хӯрока дар ҷузъу томҳои мақомот ташкил ва баргузор карда мешавад. Ин навбат, бахшида ба фарорасии Иди саиди Қурбон дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ, барои ғанӣ гардонидани дастархони кормандон ва таъмин намудан бо маҳсулоти тару тоза ва хушсифат чунин ярмаркаи маводи хӯрока бо иштироки хоҷагиҳои ёрирасон доир карда шуд.
Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳринав, Спитамен, Исфара, Рӯдакӣ, Хуросон, Бохтар ва ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулотҳои худро бо нархҳои дастрас аз 30 то 40 фоиз нисбатан ба бозор арзонтар ба фурӯш бароварданд.
Хоҷагиҳои ёрирасон дар ин чорабинӣ гушт, биринҷ, пиёз, тухм, картошка, нахуд, орд, равған, асал, тарбузу харбуза, помидору бодиринг, ҳамагуна шириниҳову мевагиҳо ва дигар маҳсулотҳоро пешкаши харидорон намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби хоҷагиҳои ёрирасон каду, карам, ангур, олуболу, як килограммӣ гушт ва як қатор маҳсулотҳо ройгон ба мизоҷон дода шуд.

446447

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ иқдом пеша намудааст, ки чунин чорабиниҳоро дар оянда низ боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монад.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика