Рӯзи 6 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Балҷувонро ба истифода доданд.
Бинои оташнишонии ноҳия дар куттоҳтарин фурсат тариқи ҳашар бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурусти кормандони ин сохтори низомӣ шароити зарурӣ муҳайё гардид.
Ба Пешвои миллат маълумот дода шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Балҷувон дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 9 утоқи корӣ, утоқи дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамояд.
Дар ин рӯз Сарвари давлат ба кормандони ин сохтор 1 адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо тамоми таҷҳизои лозима муҷаҳҳаз аст.
Тибқи маълумот масоҳати умумии бинои сохташуда 38 садяк заминро ташкил намуда, масоҳати зери бино 240 метри квадратиро дар бар мегирад.
Баҳри зебову назаррабо гардидани атрофи бино дар масоҳати зиёда аз 20 садяк замин, беш аз 4500 дона гулҳои ҳархела ва 70 дарахти арча шинонида шудааст. Ҳамзамон ба хотири рафтуомади бе мамоният ба масофаи 100 метр мумфарш шудааст.
Лозим ба таъкид аст, ки бо мақсади боз ҳам такмил додани фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Балҷувон 12 марти соли 2013 Нозироти Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи мазкур ба Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>