Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарикунандаи соҳторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот таъин гардиданд, иброз доштанд, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як хизматчии оддӣ ва роҳбари воҳиду сохторҳои давлативу низомӣ муносибати ҷиддӣ дар доираи оиннома ва дигар санаду меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа талаб карда мешавад.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Фармондеҳ, командирони бригада ва қисмҳои алоҳидаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии ҳарбии ватанӣ ва ҳориҷӣ таъин гардиданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии таъмини амволи махсус, муовини аввал ва муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардорони муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва дар сохтори марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти ҷиддии кадрӣ сурат гирифтанд.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳолати воқеӣ ва камбудиву норасоӣ дар фаъолияти роҳбарон ва хизматчиёни воҳиду сохтори низомиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди ҳар як роҳбар ва масъули соҳа ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти шаффоф ва дар чорчӯбаи қонун ба роҳ мондани фаъолияти кории хизматчиёни низомӣ ва давлатӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҳар як мутахассис вобастагӣ дорад.
Зимни сӯҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шароити ҳубу мусоиди таълиму тарбия, обутоби бадан дар қисмҳои низомӣ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбӣ таъкид карда, барои пурра решакан кардани омилҳои номатлуб, аз қабили ришваситонӣ, зӯроварӣ, тасарруфи молу ашёи давлатӣ ва мубориза бар зидди омилҳои қонунвайронкуниҳо ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ ва муҳлатнок дода шуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>