Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ду нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ

418

«Солҳо боз орзуи дидани мавзеъҳои ҷолибу таърихии Тоҷикистон ва сокинони ин кишвари ҳамсояро дар дил мепарваридем. Хушбахтона, барқарорсозии муносибатҳои ду давлат боис гардид, ки мо бо муроди дил расидем.
Тавре мушоҳида кардам ва огоҳӣ пайдо намудам, сол то сол истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон бештар гардида истодааст. Масалан, Қалъаи Ҳисорро гирем, чӣ чуна назаррабо ва диққатҷалбкунанда шудааст.
Ба миллати меҳмоннавоз ва дӯсти тоҷик сулҳи бардавом ва муваффақият хоҳонам. Орзу мекунам, ки милитсияи тоҷик, ки ҳамеша ҳомиву пуштибони халқи хеш ва ҳимоятгари сайёҳони хориҷӣ мебошад, минбаъд низ чун имрӯз дар хизмати халқу Ватан омода бошад», - афзуд Муҳаррама Носирова, сайёҳ аз шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни ифтитоҳи нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ, ки рӯзи 16-уми июли соли равон дар назди Қалъаи Ҳисор баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Ширкати Тсеll ва сайёҳони дохилию хориҷии мамлакат ширкат варзиданд.

421422423427424425

Сайёҳон нахуст аз ёдгориҳои бостонӣ дидан намуда, ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ бардоштанд.

Сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума меҳмонони хориҷиро ба Тоҷикистони офтобӣ хушомадед гуфта, ҳозиринро ба ин рӯйдоди ҷадид таҳният намуд ва ифтитоҳи ин марказро барои ҳамкории бештар бо сайёҳон ва рушди сайёҳӣ дар кишвар муфид арзёбӣ намуд.
- Солҳои охир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ эътибори хосса зоҳир карда мешавад. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин солҳои 2019-2021 чун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.
Ин ҳама таваҷҷуҳи зиёд боис ба он гардид, ки бо роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тӯли як сол мешавад, ки дар Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ фаъолият мебарад. Милитсияи сайёҳӣ баҳри таъмини амнияти сайёҳон ташкил гардида, масъалаҳои роҳбаладии сайёҳон, ба онҳо додани маълумоти зарурӣ, расонидани кумак ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифзи манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва нисбати сайёҳонро ба уҳда дорад.
- Ин ниҳод гарчанде навтаъсис бошад ҳам, вале бо мошинҳои хизматии дар шароити кӯҳсор созгор таъминанд. Ба сайёҳон кормандони дорои маҳорату малакаи баланди касбӣ ва забондон хизмат ва ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд. Намояндагони мо имрӯзҳо барои хизмат ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фаъолият намуда истодаанд, - афзуд ӯ.
Номбурда дар идома илова намуд, ки дар яке аз ҷойҳои ҷамъшавии сайёҳони хориҷӣ ва дохилии ҷумҳурӣ – Қалъаи Ҳисор кушодашавии нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ низ бесабаб нест, зеро он баҳри васеъ намудани фаъолияти ин бахш ва рушди туризм дар кишвар равона гардидааст.
Сипас, сардори фурӯш ва чаканаи Ширкати Тсеll Шараф Маҳмудов аз ҳамкориҳои ин шикарти мухобиротӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ изҳори андеша намуда, зикр кард, ки ширкати Тсеll тасмим гирифтааст, ки дар робита бо милитсияи сайёҳӣ ба туристоне, ки ба Тоҷикистон ташриф меоваранд, барои 10 рӯз SIM-корти сайёҳии ройгон тақдим намояд. Ҳамчунин, дар тавозуни ҳар як корт 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода дар давоми 10 рӯз мавҷуд аст. Ҳамзамон, соҳибони чунин кортҳо метавонанд ройгон ба телефони милитсияи сайёҳӣ занг зананд.
Чуноне зимни суҳбат бо мо, мудири бахши сайёҳии шаҳри Ҳисор Муҳиддин Саидов иброз намуд, дар ин шаҳр туризми таърихӣ, экологӣ ва табобатӣ ба роҳ монда шуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба шаҳри Ҳисор 44794 сайёҳ ворид гардидааст, ки аз инҳо 3368 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳад. Хусусан, аз мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор дар 6 моҳи соли равон 20835 нафар сайёҳ дидан кардаанд, ки аз онҳо 4019 нафарашон хориҷиён мебошанд.

419420

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, мақомоти корҳои дохилӣ бо ин ниҳод ҳамоҳангсоз буда, робитаи ин бахш бо милитсия, аз ҷумла милитсияи сайёҳӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ин ҳамкориҳо минбаъд рушд дода мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар ин рӯз, инчунин дар гузаргоҳи наздисарҳадии шаҳри Турсунзода низ бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Ширкати Тсеll ва сайёҳони дохилию хориҷии мамлакат нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ кушода шуд.
Тавре дар ин чорабинӣ сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД полковники милитсия Анварҷон Ализода қайд намуд, ҳамарӯза ба ин ҷузъи муҳими ВКД 100-200 нафар сайёҳ муроҷиат менамоянд. Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ бошанд, дар тӯли фаъолият ба зиёда аз 200 ҳазор сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ хизмат расонидаанд.
- Дар шаҳри Турсунзода низ барои қабул ва истироҳати сайёҳон шароити зарурӣ муҳайё буда, ифтитоҳи ин марказ аз ҳар ҷиҳат муҳим мебошад. Нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ барои пешравии соҳаи сайёҳӣ, додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, SIM-кортҳои ройгони сайёҳӣ ва пешгирии ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқҳои сайёҳон равона карда шудааст.
Мо ният дорем, ки дар оянда низ чунин марказҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат, хусусан дар назди гузаргоҳҳои наздисарҳадии минтақаҳои сарҳадии вилояти Суғд ва Боғи фарҳангу фароғатии Камоли Хуҷандӣ бунёд карда шавад, - илова намуд А. Ализода.

426

Лозим ба ёдоварист, ки ба сайёҳон аз ҷониби шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ чун хотира ҳар гуна туҳфаҳо ва арғувон тақдим гардид.

Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика