Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҷаласаи селекторӣ-хизматӣ доир ба натиҷаи фаъолияти хизматӣ ва риояи қонуният дар ХШБ ВКД

150

Рӯзи 16-уми июли соли 2019 дар толори калони Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи селекторӣ-хизматӣ доир ба натиҷаи фаъолияти хизматӣ ва риояи қонуният дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои зертобеи он дар 6 моҳи соли 2019 баргузор гардид.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дар ҷараёни ҷаласаи селекторӣ-хизматӣ баромад намуда, қайд кард, ки кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва воҳидҳои зертобеи он дар самти фаъолият камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, қонуният, интизоми хизматӣ, муомилаю муоширати хуб бо шаҳрвандонро қатъиян риоя намоянд.

Дар рафти ҷаласа сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир доир ба натиҷаи фаъолияти хизматӣ ва риояи қонуният дар Хадамоти мазкур ва ҷузъу томҳои он муфассал баромад намуда, зикр кард, ки дар давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро фаъолияти тамоми воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, чораҳои зарурӣ андешида шуд.

149153154

Дар хотимаи ҷаласа, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Боздошти марди 27-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 50-солаи сокини ....

    24.10.2020 10:53
  • Ба ҳалокат расидани ронанда ва мусофир дар натиҷаи бархурди ду ....

    Рӯзи 23-юми октябри соли 2020, тахминан соатҳои 15:30 ронандаи автомашинаи ....

    24.10.2020 10:52
  • Бо корд захми намудани марди 38-сола

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ....

    23.10.2020 11:05
  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ....

    23.10.2020 11:02
  • Ҳабси маъмурии 7 рӯза оқибати худнамоии се ҷавон

    Паҳн гаштани наворҳои халалдоркунандаи тартибот дар шабакаҳои интернетӣ ва шарҳу ....

    22.10.2020 17:39
  • Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Хуросон, ....

    Рӯзи 20-уми октябри соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    22.10.2020 10:04
  • Президенти кишвар наҷотбахши миллат ва ғамхори ятимон

    12- сентябри соли 2020 дар ш. Панҷакент ҳангоми сафари хизматии ....

    21.10.2020 14:20
  • Аз сӯхтор эҳтиёт бошед!

    Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо фарорасии фасли сармо эҳтиёҷ ....

    21.10.2020 14:14
  • Хатлон: Ҷиноят ва ҷазо

    Чанде пеш аз ҷониби ҳамкорони мо оид куштори ваҳшиёнае, ки ....

    21.10.2020 14:10
  • Боздошти ҷавони 25-сола бо гумони дуздии чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза марди 31-солаи сокини ....

    21.10.2020 09:46
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....

    21.10.2020 14:06
  • Озмун барои таҳсил дар Федератсияи Россия

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро баъди синфи 11 ....

    04.09.2020 10:09
  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика