Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии бошукӯҳ дар РБДА ВКД

218

Имрӯз, дар Раёсати БДА ВКД бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ин ниҳод, бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, сардори РБДА ВКД генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, собиқадорони раёсат, намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат ва ҷузъу томҳои он чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

219

Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон аз номи роҳбарияти ВКД кулли кормандони БДА-ро бо ҷашнашон табрик намуда, афзуд, ки бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю кӯшишҳои шабонарӯзии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони ин ниҳод пайваста дастгирӣ ёфта, онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири корбарӣ, биноҳои наву нақлиёти замонавӣ таъмин мегарданд ва хизматчиёни воҳиди мазкурро зарур аст, ки ҷавобан ба ин дастгириҳо баҳри волоияти қонун, посдории оромиву осоиштагии Ватани азизамон хизмат намоянд.
- БДА аз таъсисёбӣ то ба имрӯз дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ нақши муҳимму назарраси худро гузошта, кормандони он аз худ далериву қаҳрамонӣ, ҷасорату матонат нишон дода, баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ, танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ба натиҷаҳои хуби хизматӣ ноил гардидаанд, - баён намуд М. Саидзода.

220221222

Сипас, собиқадори ниҳод, собиқ сардори РБДА генерал-майори мустаъфии милитсия Нуралӣ Шералиев аз номи собиқадорони соҳа кормандонро бо рӯзи таъсисёбиашон табрик намуда, чунин зикр кард: "Шумо нисбат ба дигар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бештар миёни шаҳрвандон дар робита ҳастед ва дар симои шумо, ба кори тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳо медиҳанд. Аз ин хотир, бо рафтор, муоширати баланду риояи талаботҳои қонунгузорӣ ва этикаи касбии корманди милитсия ҳамеша намунаи ибрати дигарон бошед".
Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбодов баромад намуда, нақши кормандони БДА-ро дар таҳкими қонунҳои амалкунанда, ошкору пешгирии қонуншиканиҳо ва танзими муназзами ҳаракати воситаҳои нақлиёт назаррас арзёбӣ намуд.
Мавсуф қайд кард, ки 10 сол боз дар матбуоти даврӣ миёни намояндагони васоити ахбори омма озмуни "Роҳи бехатар" гузаронида мешавад ва ҳамасола дар арафаи иди касбии кормандони ин самт ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ мегарданд.
Номбурда аз номи роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои дастгириҳои ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои судманди мақомоти корҳои дохилӣ бо ВАО арзи сипосу миннатдорӣ намуда, як қатор кормандони раёсати мазкурро барои ҳамкорӣ бо медали "100-солагии матбуоти тоҷик" ва ғолибони озмуни "Роҳи бехатар"-ро бо Диплом ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.

223224225226227

Дар идомаи чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ як қатор собиқадорону кормандони БДА барои хизматҳои шоёну арзанда дар мақомоти корҳои дохилӣ бо медалҳои ҷашнии "Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ", "Барои хизматҳои шоён" дараҷаи 1, Ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, дар идомаи он ғолибон ва иштирокчиёни озмуни "Бозраси беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо иштироки 17 даста баргузор гардида буд, бо Ифтихорномаи фахрӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода М.Б., бори дигар ҳайати шахсии ин ниҳодро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар кору фаъолият баҳри мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ муваффақияту комёбиҳои беназир таманно намуд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика