29-уми июни соли равон, дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт, маросими ҷамъбасти озмуни 9-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон баромад намуда, чунин қайд кард: «Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тарбияи насли наврас ва ояндаи кӯдакону наврасон пайваста талош варзида, тамоми шароитро барои онҳо муҳайё месозанд. Ташкил намудани чунин озмун дар ташвиқу тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва барои кам гардидани садаманокӣ бо иштироки онҳо мусоидат менамояд».
Воқеан, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор намудани чунин озмун бесабаб набуд, зеро ин озмун тавонист кӯдакону наврасони бомаҳоратро аз тамоми манотиқи қишвар сарҷамъ оварад.
Иштирокчиёни озмун тавонистанд, ки тайи як ҳафта аз рӯйи шартҳои «Пурдонҳо», «Танзимгари наврас», «Мухбири наврас», «Малакаи касбӣ», «Дастаи ман», «Дарси кушод», «Санитари наврас», «Чархи амонӣ», «Донишмандони ҚҲР», «Азназаргузаронии сафороӣ» ва «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ» қувваозмоӣ намуда, дониш ва маҳорату малакаи азхуднамудаи худро нишон диҳанд.
Бо ба даст овардани бештари холҳо ҷойи аввал насиби дастаи МТМУ № 1-и шаҳри Истаравшан, ҷойи 2-юм насиби дастаҳои гимназияҳои № 74 ва №1-и шаҳри Душанбе, ҷойи сеюм бошад, насиби дастаҳои МТМУ№ 18-и ш. Хуҷанд, гимназияи № 1-и н. Ҷалолиддини Балхӣ ва литсейи Оғохони ш. Хоруғ гардид.
Ба иштирокчиёни озмун барои иштироки фаъолона ва саҳм гузоштан дар пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилкунандагон ва шарикони озмун супорида шуд. Баҳри болидагии хотири иштирокчиёни озмун суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаш карда шуданд.
Гузаронидани чунин озмунҳо дар таҳкими дӯстӣ, баланд бардоштани дониши аъзоёни дастаҳо дар боби омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҷоннок намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни ноболиғон ва беҳтар намудани машғулияти таълимӣ оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза мардони 49, 53 ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ....
Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳамасола дар ҷузу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ....
Имрӯзҳо занону духтарон дар тамоми ҷодаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона ....
Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ....
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ....
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ....
Рӯзи 19-уми январи соли 2021, тахминан соати 18:20-дақиқа ронандаи автомашинаи ....
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ....
Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....
Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>