Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоми дӯстии иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ

300

Рӯзи 24-уми июн баъди ҷамъбасти қисмати расмии мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ бо ибтикори Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокчиёни мусобиқа, ҳайати шиноварони Афғонистон, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатии Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд.
Сайругашти меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва саёҳатии шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он ҷузъи асосии чорабинӣ маҳсуб меёфт, ки ҳадафи он муаррифии мавзеъҳои зебои Тоҷикистон, таъриху тамаддун, фарҳанг ва расму оини миллӣ буд.
Нахуст ҳайати иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки бо номи «Қалъаи Хуҷанд» маъруф аст дидан намуданд. Ин осорхона, таърихи беш аз 90 сола дошта, ҳанӯз дар давраҳои аввали таъсисёбии давлати Шӯравӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис ва соли 2006 дар минтақаи ҳозирааш барқарор шудааст. Меҳмонон зимни боздид аз осорхона вобаста ба таърихи давлатдорӣ ва зиндагиномаи пурғановати тоҷикон аз дуриҳои таърих то замони муосир маълумот гирифтанд.
Сайругашт дар мавзеъҳои гулпӯши боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва аз баландӣ, бо истифода аз роҳи танобӣ тамошои манзараҳои дилфиреби саҳни Сирдарё ва иморатҳои гирду атрофи он, дар баробари муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон саёҳати варзишгаронро хотирмон гардонид.

301302303304305306

Дар идомаи барномаи фарҳангии Шоми дӯстӣ аъзоёни дастаҳо сари дастархони тоҷикона нишаста, ба якдигар армуғонҳои хотиравӣ тақдим намуданд ва зери навозишҳои мусиқӣ, гарму самимӣ сӯҳбату дилхушӣ карданд.

Акбар Шарифов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика